Шаби 8 ба 9-уми март Маҷлиси хубрагони Эрон, Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаиро роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб ва муаррифӣ кард. Ӯ дар ин мақом падараш Алии Хоманаиро, ки ҳамроҳ бо ҳамсару чанде аз пайвандонаш дар оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, рӯзи 28-уми феврал кушта шуд, иваз кард.
Муҷтабо Хоманаӣ, писари 56-солаи Алии Хоманаӣ, ки то имрӯз аз ӯ мусоҳиба ё гуфтугӯи расмӣ нашр нашудааст, кист ва чӣ корнома дораду далели интихобаш чӣ буд? Бо такя ба маълумоти дарстрас дар бораи ӯ, кӯшиш кардем, ба ин суолҳо посух ҷӯем.
Аз таваллуд то таҳсил дар ҳавзаи динии Қум
Алии Хоманаӣ шаш фарзанд дорад: чор писар ва ду духтар. Муҷтабо фарзанди дуюми ӯ буда, 8-уми сентябри соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст.
Ӯ таҳсилоти миёнаро дар мактаби мазҳабии “Алавӣ” гирифт. Ба навиштаи расонаҳо, дар 17-солагиаш чанд маротиба дар ҷанги Эрону Ироқ ба таври кӯтоҳмуддат дар баъзе амалиётҳо низ ширкат кардааст.

Баъдан, барои идомаи таҳсили динӣ ба шаҳри Қум, ки яке аз муҳимтарин марказҳои омӯзиши улуми динӣ аст, рафт.
Муҷтабо то соли 1993 онҷо буд ва барои панҷ сол ба Теҳрон омада, таҳсилоти ҳавзавии худро онҷо идома дод ва соли 1999, замоне 30-сола буд, дубора ба шаҳри Қум баргашт, то таҳсилоти динии худро дар ҳавзаи илмии Қум идома диҳад.
Ӯ шогирди рӯҳониёни маъруфе чун Муҳаммадтақӣ Мисбоҳ Яздӣ, Маҳмуд Ҳошимӣ Шоҳрудӣ ва падараш, Алии Хоманаӣ будааст.
Муҷтабо Хоманаӣ беш аз 15 сол дар Қум ба таълими “дарси хориҷи фиқҳ ва усул” машғул буд, ки баландтарин сатҳи таҳсил дар ҳавзаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин марҳила одатан пешшарти расидан ба мақоми раҳбарӣ низ дониста мешавад.
Издивоҷи стратегӣ
Муҷтабо Хоманаӣ соли 1999 бо Заҳро, духтари Ғуломалӣ Ҳаддод Одил издивоҷ кард. Ин издивоҷро як пайванди сиёсӣ ва стратегӣ байни ниҳоди раҳбарӣ ва ҷиноҳи муҳофизакори фарҳангӣ-технократӣ медонанд.
Ҳаддод Одил баъдтар ба яке аз чеҳраҳои муҳими сиёсии муҳофизакор табдил ёфт ва соли 2004 раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ гардид.
Ӯ аз Алӣ Хоманаӣ дар бораи номзадӣ ва маросими издивоҷи духтараш дар соли 1999 иқтибос меорад, ки дар он ӯ ба Ҳаддод Одил гуфтааст:
"Ман пул надорам, ки хона харам. Мо хонаеро иҷора гирифтем, ки дар он Мустафо (фарзанди аввал) дар як ошёна ва Муҷтабо дар ошёнаи дигар зиндагӣ мекунад… Муҷтабо низ як одами оддӣ нест. Ӯ мехоҳад ба Қум равад ва таҳсил кунад ва рӯҳонӣ шавад".
Нақши ӯ дар сиёсат
Номи Муҷтабо Хоманаӣ бори аввал дар сиёсат дар интихоботи президентии соли 2005 садо дод. Он вақт Меҳдии Каррубӣ, яке аз номзадҳо, дар номае ба Алии Хоманаӣ аз тақаллуб дар интихобот сухан гуфт ва ба нақши Муҷтабо дар ташкили раъйҳо ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинажод ишора кард.
Ӯ номаро бо ишора ба таъсир ва нақши Муҷтабо Хоманаӣ дар интихобот идома медиҳад ва менависад, ки "хабаре нашр шуд, ки писари мӯҳтарами шумо – ҷаноби Сайид Муҷтабо – яке аз номзадҳоро дастгирӣ кардааст ва ман пас аз он ки ин хабар зуд-зуд паҳн мешуд, нигарон шудам."
Каррубӣ дертар гуфт, вақте яке аз "бузургон" ба оятуллоҳ Хоманаӣ расонд, ки "оқозода аз фалон кас ҳимоят мекунад", Хоманаӣ посух додааст: "Эшон оқост, на оқозода".
Чор сол баъд, дар интихоботи баҳсбарангези соли 2009, дар ҷараёни эътирозҳо номи ӯ дар шиорҳои эътирозгарон боз садо дод. Эътирозгарон ӯро яке аз омилҳои дахолат дар интихобот ва саркӯби эътирозҳо медонистанд. Аз он вақт инҷониб, овозаҳо дар бораи вориси ӯ ва дахолаташ ба корҳои давлатӣ паҳн шудаанд. Ҳамчун чеҳрае, ки гуфта мешуд дар пушти пардаи таҳаввулоти сиёсӣ нақш дорад.

Он чизе ки байни Муҷтабои 56-сола ва бародари бузургаш Мустафову бародарони хурдтараш Масъуд ва Майсам фарқ мегузорад, ба навиштаи расонаҳо, аз нақши маъмулии “фарзанди раҳбар” берун рафтани ӯ буд. Бародаронаш бештар дар ҳошияи корҳои фарҳангӣ ё маъмурии дафтари падарашон фаъол буданд, аммо номи Муҷтабо дар афкори умумӣ бо шабакаҳои пинҳонии қудрат ва ниҳодҳои ҳассоси амниятӣ пайваст шудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ бо ҳалқаи наздикони падараш ва ҳамчунин бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ робитаи наздик дорад. Бархе аз таҳлилгарон бовар доранд, маҳз ин иртибот сарчашмаи нуфузи Муҷтабо Хоманаӣ дар сохтори қудрат аст, ки тайи солҳо ӯ ба яке аз ҳалқаҳои иртиботӣ миёни байти раҳбарӣ ва фармондеҳони аршади Сипоҳ табдил шудааст.
Фаъолияти мазҳабӣ ва тадрис
Дар ин солҳо, ба ҷуз аз масъалаҳои сиёсие, ки дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ матраҳ шуда буданд, расонаҳои наздик ба ҳукумат ва як қатор мақомоти сиёсӣ ӯро "Оятуллоҳ" номиданд ва гуфтанд, ки ӯ тавонист дар рутбаҳои илмӣ дар мадрасаҳо пеш равад.
Ӯ ҳамзамон ба тадрис низ машғул буд ва дар аввал дар мадрасаи Оятуллоҳ Муҷтаҳидии Теҳрон баъзе дарсҳои ибтидоии ҳавзавиро таълим медод ва баъдтар тадриси ҳалқаҳоро идома дода, ба тадриси сатҳи олӣ дар яке аз мадрасаҳои Қум пардохт.
Соли 2008 дарси хориҷи фиқҳи хусусии ӯ дар дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Қум оғоз шуда, тадриҷан ба яке аз машҳуртарин дарсҳои хориҷии ҳавзаи Қум табдил ёфт.
Ӯ дар баробари фаъолияти илмӣ, ба таъсиси марказҳои илмӣ ва фиқҳӣ ва дастгирии муассисаҳои илмӣ низ машғул буда, ҳамчунин бо бисёре аз уламои ахлоқ ва ирфон робита доштааст.
Бояд гуфт, ки ҳамаи писарони Алии Хоманаӣ либоси рӯҳонӣ мепӯшанд ва таҳсилоти динӣ доранд ва дар бораи ҳаёти шахсии онҳо маълумоти кам мавҷуд аст. Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки фарзандони Алии Хоманаӣ, аз ҷумла Муҷтабо (то интихоб гардидан ба ҳайи роҳбари олии ин кишвар) дар вазифаҳои давлатӣ кор намекунанд ва асосан ба "корҳои тадқиқотӣ дар соҳаи динӣ" машғуланд.
Тахминҳо дар бораи ҷонишинӣ
Дар солҳои охир бисёр таҳлилгарон Муҷтаборо яке аз номзадҳои асосии ҷонишинии падараш медонистанд. Гумонзаниҳо дар бораи эҳтимоли ҷонишинии ӯ солҳои зиёд матраҳ буд, махсусан вақте ки синну вазъи саломатии Алии Хоманаӣ мавзӯи баҳсҳои ҷамъиятӣ шуда буд.

Баъзе ҷонибдорони Алии Хоманаӣ бар ин буданд, ки барои идомаи сиёсати давраи Хоманаӣ, беҳтарин интихоб Муҷтабо аст. Дар муқобил, баъзе мухолифон аз меросӣ шудани ҳокимият изҳори нигаронӣ мекарданд.
Худи Алии Хоманаӣ ҳамеша таъкид мекард, ки интихоби раҳбари нав бояд бо риояи усулҳои асосии Ҷумҳурии Исломӣ анҷом шавад.
ББС менависад, ки "ниҳоди раҳбарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои қудрати бузурги иқтисодӣ мебошад ва бисёре аз расонаҳо аз ниҳодҳои иқтисодии зери назари Валӣ фақеҳро бо унвони "импротурӣ" ёд мекунанд".
То имрӯз аз Муҷтабо Хоманаӣ мусоҳиба ё гуфтугӯи расмӣ нашр нашудааст ва маълум нест, ки дар масъалаҳои дохилу хориҷ, махсусан, нисбат ба Амрико ва Исроил, чӣ сиёсатиеро пеш мегирад.
Ягона суханронии нашршудаи ӯ ба 22-юми сентябри соли 2024 бармегардад, ки дар он гуфта буд:
“Ман муваққатан дарс доданро бидуни огоҳии падарам қатъ мекунам”.
Бо нашри ин хабар, баъзе таҳлилгарон ва фаъолони сиёсӣ қатъи тадрис аз сӯи ӯро ба масъалаи ҷонишинии Муҷтабо Хоманаӣ рабт доданд.
Акнун бисёриҳо интизор доранд, ки Муҷтабо Хоманаӣ сиёсати сахтгирон падарашро идома диҳад.
Баъзеҳо бовар доранд, ки марде, ки падар, модар ва ҳамсарашро аз ҳамлаҳои ИМА ва Исроил аз даст додааст, эҳтимолан таҳти фишори Ғарб гузашт намекунад.
Бо вуҷуди ин, назди ӯ вазифаи душвор қарор дорад: ҳифзи Ҷумҳурии Исломӣ ва бовар кунонидани мардум, ки маҳз ӯ қодир аст, ки кишварро аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодии берун барад.
Вокуниши Доналд Трамп
Дар ҳам ин ҳол, Доналд Трамп, президенти Амрико, қаблан дар вокуниш ба хабарҳои марбут ба интихоби Муҷтабо гуфта буд, ки “ҳар касе бихоҳад раҳбари нави Эрон шавад, дар ниҳоят кушта хоҳад шуд”.

Ӯ ҳамчунин дар мусоҳиба бо нашрияи “Axios” эҳтимоли ҳамкорӣ бо Муҷтабои 56-сола, писари раҳбари кушташудаи Эронро инкор ва таъкид карда буд, ки “онҳо вақти худро беҳуда сарф мекунанд. Писари Хоманаӣ шахси заиф аст”.
“Раҳбари ояндаи Ҷумҳурии Исломӣ бояд аз мо тасдиқ бигирад, агар нагирад, дер давом намекунад”, – гуфта буд ҳамчунин Трамп.
Шеваи интихобот чӣ гуна буд?
Тибқи хабарҳои расонаҳои Эрон, ҷаласаҳои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ эҳтимолан ғайриҳузурӣ ё ба далели масъалаҳои амниятӣ, бо иштироки намояндагони онҳо баргузор шудааст.
Хабаргузории Форс, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манбаъҳои огоҳ хабар додааст, ки музокироти Маҷлиси Хубрагон “дар муҳити амн” баргузор шудааст.
Давраи чандрӯзаи номуайянӣ пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ ба поён расид ва Муҷтабо Хоманаӣ дар шароите, ки минтақа бо танишҳои шадид рӯбарӯст, инчунин, доихили худи Эрон ба як қатор мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ даргир аст, дар сари сохтори сиёсӣ ва мазҳабии Эрон қарор гирифт.
Муҷтабо Хоманаӣ то ҳол дар бораи интихоби худ ё сиёсатҳои эҳтимолиаш нисбат ба Амрико, Исроил ва масъалаҳои минтақавӣ изҳороти оммавӣ накардааст.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.



