Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар бинои Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе аз соати 10:30 то 11:30 бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир мешавад. Дар он намондагони расонаҳои кишвар метавонанд ширкат ва ба саволҳои худ посух гиранд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2015 – Рустами Эмомалӣ, директори Агентии назорати молияи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуд ва то соли 2017 дар ин мақом кор кард.

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.

Соли 2018 – Байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низоми бидуни раводид ҷорӣ шуд. Тибқи он шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд бидуни раводид ба муддати то 30 рӯз дар кишварҳои якдигар бошанд.

Соли 2020 – Ӯзбекистон сарҳади худро бо Тоҷикистон баст ва парвозҳои ҳавоӣ қатъ кард. Сабабаш ошкор шудани коронавирус дар ин кишвар буд.

Соли 2023 – Додгоҳи вилояти Маскав Александр Семинро, ки дар таҷовуз ва қатли духтари панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода айбдор мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Мавлуди Парвин Эътисомӣ, шоири эронӣ.

Соли 1954 – Мавлуди Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Ғоиб

Муҳаммад Ғоибро бештари хонандагон чун шоири ашъори ғиноӣ ва таронаҳои дилраси ватандориву ошиқона мешиносанд. Ӯ яке аз муваффақтарин эҷодкоронест, ки бо осори равону хушоҳангаш дар арсаи адабиёт мавқеи хешро пайдо кардааст. Заҳматҳои шоир бо Ордени Шараф, унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналмилалии ба номи Чингиз Айтматов қадр гардидааст.

Муҳаммад Ғоиб аз дидори падар дар думоҳагӣ маҳрум монд ва дар пайдо гардидани шавқу ҳавас ба шеър модарашро сабабгори асосӣ медонад. Дар кӯдакӣ бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, чун математикаву физика ва химия шавқ дошт ва мехост муҳандис шавад.

“Баъдтар эҳсоси талху ширини кӯдакиям, ки аз доғи ятимӣ рӯ зада буд, водорам намуд, ки мушоҳидаву андешаҳоямро дар намуди шеъру қиссаву достон рӯйи коғаз биёрам. Дар ҳамон айём, ки чандин шеърам чоп шуда буд, мефаҳмидам, ки оқибат роҳам дигар мешавад. Медонистам, ки барои хотираҳои пуралами ман, ғаму дарди ятимӣ ва кӯдакии пуразобам аз ҷадвали ҳисоб ададе пайдо намешавад ва рақамҳои ҳаётам дар ин ҷадвал намеғунҷанд. Ин бори гаронро ғайри дӯши сухан дӯши ягон илму фан бардошта наметавонист”, – гуфта буд ӯ дар ҷашни 70-солагиаш.

Муҳаммад Ғоиб хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, аз соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб фаъолият кард ва аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар ин минтақа буд.

Ӯ солҳои 1990-1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб ва 1995-1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буд.

Инчунин солҳои 1997-2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 то 2004 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Соли 2004 сарвари Киностудияи “Тоҷикфилм” таъин шуда, онро то соли 2008 роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2008 то 2012 сарвари Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 то вақти нафақа сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.

Номбурда зиёда аз 50 асар, аз ҷумла, “Турнаҳо”, “Роҳи деҳа”, “Меҳри гиёҳ”, “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, “Шоҳи Ҳамадон” эҷод кардааст. Ӯ муаллифи филмномаҳои “Гумгаштапайдо”, “Пуштаи хандақпеч”, “Ҳасрати дидор”, “Вафодор” ва ғайра мебошад.

Мусоҳибаи кутоҳи "Азия-Плюс"-ро бо шоир пиромуни кору рӯзгораш дар ин матлаб, ки соле пеш нашр гардида буд, мутолиа кунед: Муҳаммад Ғоиб: "Шоир вазифадор аст, ки миллаташро ҳидоят кунад!"

Соли 1957 – Зодрӯзи Раҳматилло Зойиров, сиёсатмадори тоҷик, муассис ва раиси пешини Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зойиров яке аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик аст, ки дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар ин бахш тавонист ҳамчун як сиёсатмадори матраҳ худро муаррифӣ кунад.

Солҳои 1986-1993 устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1989 кори вакили мудофеъро оғоз кард ва аз нахустин касоне ҳисоб мешавад, ки дар Тоҷикистон созмони ғайриҳукуматӣ таъсис додааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст. Солҳои 2001‑2003 дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст.

Моҳи марти соли 2003 зидди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон садо баланд кард ва чун садояш шунида нашуд аз мақомаш истеъфо (охирин истеъфои як мақомдори давлатӣ дар Тоҷикистон. -идора)  дод.

Баъди истеъфо ҲСДТ-ро таъсис дод, ба сафи мухолифини ҳукумат пайваст ва муборизаи сиёсии худро бо шиори “адолату садоқату тараққиёт” идома дод. Ӯ чун ҳуқуқшиноси касбӣ бештар ба масоили ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ дошт ва роҳи ҳалли аксари мушкилро ҳам, дар такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва таъмини адолати иҷтимоӣ медид.

Дар чандин интихоботи парлумонӣ бо ҳизби худ – ҲСДТ ширкат кардаву ноком эълон гардид. Дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард.

Барои мавқеи сиёсиаш чанд маротиба мавриди латукӯб ҳам қарор гирифт, ҳарчанд мақомот ҳамеша таъкид мекарданд, ки латукӯби сиёсатмадор кори дасти авбошон аст.

Ахиран, се сол пеш аз роҳбарии ҳизб ҳам истеъфо дод ва эълон кард, ки аз майдони сиёсӣ канор меравад. Бо ҳамин аз назари мардум канораҷӯӣ кард ва бо ӯ аҳёнан дар кӯчаҳои шаҳр, ҳангоми қадамзанӣ, мулоқот ва суҳбат кардан мумкин буд. 

Раҳматилло Зоиров 18‑уми майи соли гузашта дар синни 67‑солагӣ, бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.

Дар робита ба шахсияту корномаи ин сиёсатмадор дар ин мавод хонед: Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров

Соли 1970– Зодрӯзи Шавкат Саидов, рӯзноманигор ва ҳуқуқшиноси тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шавкат Саидов

Шавкат Саидов дар сохторҳои гуногуни шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси миллӣ кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2002 – 2004 – котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ва ду сол (2015-2017) директори “Телевизиони Пойтахт” (ҳоло “Душанбе”)-и шаҳри Душанбе буд.

Аз соли 2004 то соли 2015 – ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ буд.

Баъди ин, ҳудуди як сол ба ҳайси мудири котиботи раиси Маҷлиси миллӣ ва аз октябри соли 2017 то соли 2020 муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ фаъолият кардааст.

Як сол дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир-референт низ кор кардааст.

Аз январи соли 2022 ҳуқуқшиноси ҶДММ “Ободии Пойтахт” мебошад.

Бо тахаллуси Шавкат Симо шеър менависад. Муаллифи китобҳои “Рашки ашк” (2011) ва “Чанд ҳикмат ба як рӯзе” (2019) аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16 марти соли 1831 романи Виктор Гюго – “Калисои Нотр-Дами Париж” нашр шуд. Гюго аз моҳи июли соли 1830 то январи 1831 бо танаффуси кӯтоҳе, ки ба инқилоби Париж рост омад, ин асарро эҷод кард. Соли 1978 Робер Оссейн аз рӯйи ин роман мюзикле таҳия кард, ки пас аз 25 сол дар Театри опера ва балети Маскав ба саҳна гузошта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

16 марти соли 1926 аввалин мушаки сӯзишвории моеъдор ба фазо партоб шуд. Муҳандиси соҳаи мушаксозӣ Роберт Ҳатчингс Годдард ин мушакро ба наздикии шаҳри Оберн партоб кард.

Мушак, ки тақрибан 5 килограмм вазн дошт ва сӯзишвориаш омехтаи оксигени моеъ ва бензин буд, ба баландии 12,5 метр баромада, дар тӯли 2,5 сония масофаи 56 метрро дар самти уфуқ тай кард. Ин парвози кӯтоҳ қадами бузурге дар рушди мушаксозӣ ва нишондиҳандаи тавоноии муҳаррикҳои сӯзишвории моеъ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

16 март Рӯзи қаламҳои ранга таҷлил мешавад. Вожаи “қалам” аз забони туркӣ гирифта шуда, маънояш “санги сиёҳ” аст. Қаламҳои ранга танҳо дар аввали асри ХХ ба таври васеъ истифода шуданд ва ба василаи муҳим барои ифодаи эҳсосот ва хаёлоти кӯдакон табдил ёфтанд. Имрӯз қаламҳои ранга дар равоншиносӣ, бахусус дар терапияи бадеӣ истифода мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

16 март Рӯзи амалҳои ғайричашмдошт (спонтанӣ) таҷлил мешавад. Ин рӯз ба амалҳои ғайричашмдошт ва бидуни нақша бахшида шудааст. Қобилияти тасмимгирии ногаҳонӣ ва озодона арзишманд дониста мешавад, зеро чунин амалҳо метавонанд таниши равониро коҳиш дода, нерӯи тафаккур ва эҷодкориро тақвият бахшанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -3+2º,  дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 23-25º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 5+7º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 6+8º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 1-3º сард.

 *Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное