Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1991 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ раъйпурсии умумииттифоқӣ баргузор шуд, ки дар он се чоряки овоздиҳандагон ҷонибдори ҳифзи СССР буданд. Ҳамон сол Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт.

Соли 2003 – Дар Форуми ҷаҳонии об дар Киото (Ҷопон), Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 “Даҳсолаи байналмилалии оби тоза” эълон гардад. Дар моҳи декабр, Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббуси Тоҷикистонро расман дастгирӣ намуд.

Соли 2009 – Дар Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2010 – Бар асари фаромадани тарма дар километри 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 нафар ҷон бохтанд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Соли 2016 – Дар шаҳри Абудаби бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон (даъвати шашум) ҷаласаи нахустинашро баргузор кард. Раиси нави палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода – собиқ муовини сарвазири ҷумҳурӣ интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Зодрӯзи Мусофиршо Маликов, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Мусофиршо Маликов, ки солҳо дар Театри Хоруғ ҳунарнамоӣ кардааст, хатмкардаи Институти театри бадеии ба номи А. Островскийи Тошканд буда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Хоруғ ба сифати ҳунарпеша фаъолиятро шурӯъ намуд ва беш аз се даҳсола дар ин саҳна ҳунар озмуд.

Ӯ, махсусан, дар иҷрои нақшҳои драмавӣ маҳорати хоса дошт ва нақшҳои ӯ дар ин жанр муассиранд. Нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои “Найрангҳои Майсара”, “Нисо”, “Соати бурҷи Кремл”, “Барқия ба В. И. Ленин”, “Ситораи умед”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Нидои суханвар”, “Ҷойи сердаромад” намунаҳои беҳтарини ҳунарнамоиаш мебошанд.

Баъдан ҳамчун коргардон намоишномаҳои “Дуртар аз сарҳад”, “Муҳаббат ва адоват”, “Зафар”, “Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ”-ро таҳия намудааст.

Ӯ ҳамчунин маҳорати хуби навозандагӣ дошт ва “Рубоби ман”, “Ленинободам”, “Москваи ман” барин сурудҳоро эҷод кардааст.

Соли 1960 – Мавлуди Ғуломқодир Бобизода, кимиёдон, профессор ва дорушиноси тоҷик.

Соли 1960 – Зодрӯзи Ҳаким Тошхӯҷаев, физикдон ва риёзидони тоҷик.

Соли 1972 – Мавлуди Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилбар Одилзода

Дилбар Одилзода, ки чор сол инҷониб муовини раиси шаҳри Душанбе буда, ҳамзамон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ аст, фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои роҳбарикунанда барои худ роҳ кушодааст.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, аз соли 1994 то соли 2004 дар макотиби Кӯлоб омӯзгору директор будааст. Сипас ба Душанбе омада, аввал ҳамчун мураббӣ дар кӯдакистон, як муддат мудири кӯдакистон кор кардааст. Аз соли 2010 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба кор шуруъ карда, сипас муддате дар Раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми кишвар ва солҳои 2011-2017 ҳамчун мудири шуъбаҳои маорифи Шоҳмансуру Синои пойтахт фаъолият доштааст. Сипас як муддат дар Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорат кор кард ва солҳои 2018-2020 директори "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб" буд.

Аз соли 2020 фаъолияти ӯ дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба ҳайси муовини раиси шаҳри Кӯлоб оғоз шуда, сипас муддати кутоҳе директори Коллежи омӯзгории шаҳри Турсунзода буд.

Соли 2022 муовини раиси шаҳри Душанбе интихоб шуда, то ҳол дар ин мансаб ифои вазифа мекунад. 

Соли 2010 – Муҳаммадшариф Ҳимматзода, сиёсатмадор, яке аз муассисон ва нахустин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистн мамнуъ аст) дар синни 59-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 2017 – Атахон Сайфуллоев, адабиётшиноси маъруф ва профессори шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Атахон Сайфуллоев

Атахон Сайфуллоев солҳо ҳамчун сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, ходими пешбар ва сарходими илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини раиси Шӯрои мазкур, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии "Паёми Суғд" будааст.

Сайфуллоев муаллифи беш аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Мухаммадиев, П.Толис ва дигарон, ҳамчунин проблемаи таъсири мутақобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст.

Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик" ва "Таърихи адабиёти сермиллати шӯравӣ", муаллифи повест ва очеркҳои бадеӣ ва тарҷумони як қатор осори ҷаҳонӣ аст.

Атахон Сайфуллоев моҳи марти соли 2017 аз олам даргузашт.

Соли 2024 – Умар Зиёев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умар Зиёев

Умар Зиёев Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт. Мавсуф аз сарояндаҳои хушноми 50 соли охир буда, солҳо раҳбарии дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар”-ро ба дӯш дошт.

Ин овозхон солҳои 1980-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфта, солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт.

Дар охирин мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонид.

Овозхон 18-уми марти соли 2024 дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар охири умр ният дошт, ки таърихи дастаи ҳунарии "Гулшан"-ро нависад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

17 марти соли 1845 соҳибкор ва ихтироъкори англис Стивен Перри бинти эластикиро патент кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Перри мушоҳида кард, ки коргарони плантатсияҳои каучук дар охири рӯзи корӣ дастонашонро бо тасмаҳои каучук мепечонданд, ки ин ба онҳо имкони истироҳат медод. Ин мушоҳида ӯро ба ихтирои бинти махсуси эластикӣ илҳом бахшид.

17 марти соли 1816 қайиқи буғии “Элиза” аз бандари хурди Нюҳейвени Англия (80 км ҷанубтар аз Лондон) ба бандари Гаври Фаронса расид ва ба ин васила, аввалин киштии буғӣ шуд, ки гулӯгоҳи Ла-Маншро убур кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи ин он буд, ки киштиҳои нав бо муҳаррики буғӣ на танҳо барои ҳаракат дар дарёҳо, балки барои уқёнусҳо низ муносибанд.

17 марти соли 1941 дар Вашингтон Галереяи миллии санъат ифтитоҳ гардид.

Ин галереяро соли 1937 бонкдор, саноаткор ва хайрхоҳи амрикоӣ Эндрю Уилям Меллон таъсис дода буд. Асоси коллексияҳои галереяро маҷмӯаҳои хусусии асарҳои гаронарзиш ташкил медиҳанд, ки давраҳои гуногунро фаро мегиранд – аз Проторенессанси асри XIII-и Италия то импрессионизми Фаронса ва модернизми аврупоӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Галереяи миллии санъати Вашингтон ё Галереяи миллии тасвирӣ яке аз бойтарин ва ҳамзамон ҷавонтарин осорхонаҳои санъат дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

17 марти соли 1989 дар шаҳри Гизаи Миср, наздикии пирамидаи Хеопс, дар умқи ду метр мумияи зани ҷавони ашрофзода пайдо шуд, ки тахмин меравад дар давраи сулолаи сеюми фиръавнҳо (тақрибан соли 2600 пеш аз милод) зиндагӣ мекард. Барои муддате гумон мерафт, ки ин яке аз аввалин таҷрибаҳои мумиёсозии инсон буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф, дар шарқи вилоят дар баъзе минтақаҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 2+4º гарм, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.    

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.  

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 17 ба 18-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?

Садҳо ҳазор сомонӣ, хонаи зебо дар маркази Душанбе, мошини...