Дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории пойтахт масъалаи вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ баррасӣ шуд

Душанбе. 23юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 23-уми феврали соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили истифодаи мақсаднок ва ба иҷорадиҳии моликияти коммуналӣ, ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва шикояти мусофирон, вазъи санитариву экологии шаҳр ва партовгоҳи шаҳриву мошинҳои партовкашон, таъмиру […]

root


Душанбе. 23юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 23-уми феврали соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа масоили истифодаи мақсаднок ва ба иҷорадиҳии моликияти коммуналӣ, ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва шикояти мусофирон, вазъи санитариву экологии шаҳр ва партовгоҳи шаҳриву мошинҳои партовкашон, таъмиру таҷдиди роҳҳои пойтахт, ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидор дар маъракаи 900- рӯзи ободонии Душанбе ба ифтихори 20- солагии Истиқлолият, инчунин ҷараёни корҳои омодагӣ ба баргузории мулоқоти Роҳбарияти шаҳр бо соҳибкорони пойтахт, ки 14-уми марти соли 2009 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.



Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулини соҳаи нақлиёти шаҳрдориро ба он нигаронид, ки

 

бо вуҷуди мавриди татбиқ қарор додани Қарори Раиси шаҳр №39 аз 5 феврали соли 2009 « Дар

 

бораи

 

таъмини

 

ҳаракати

 

бехатарии

 

нақлиёти автомобилии мусофиркаш ва танзими онҳо дар роҳҳои автомобилгарди

 

истифодаи

 

умуми

 

шаҳри

 

Душанбе», ки дар асоси он аз 9 феврали соли 2009 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии навъи сабукрави дорои то 7 (ҳафт) ҷои нишаст (ба истиснои ҷои нишасти ронанда), аз он ҷумла тамғаҳои «Дамас», «Чанху», «Хафей» ва ғайра, ки тавассути онҳо фаъолияти мусофиркашон


ӣ


ба анҷом расонда мешавад, дар хиёбонҳои И.Сомон


ӣ


(аз чорроҳаи И.Сомон


ӣ


-Ғафуров то бурриши хиёбони Рӯдак


ӣ


), Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи А.Фирдавс


ӣ


то бурриши кӯчаи С. Шероз


ӣ


(Сирк)-и пойтахт), манъ карда шудааст, мувофиқ ба шикояти шаҳрвандон риояи реҷаи ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳо то ҳол таъмин карда нашуда, баъд аз соати 18-00 теъдоди зарурии автобусу троллейбусҳо барои хизматрасонӣ дар хатсайрҳо сафарбар карда намешаванд.



Дар ин зимн фаъолияти анҷомдодаи директори КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҳамидов Раҳматулло оид ба таъмини барориши воҳидҳои нақлиётӣ ва назорати риояи ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта нуқсонҳои ҷойдоштаро рафъ намуда, нисбати дар истгоҳҳои нақлиётӣ хилофи реҷаи ҳаракат беш аз меъёр аз ҷониби ронандагон нигоҳ доштани автобусҳо, ки ин амалкард боиси норизогии мусофирон гардидааст, тадбирҳои таъхирнопазир андешад.



Ҳамзамон дастур гардид, ки бо мақсади дақиқ намудани воқеияти рақамҳои ҳамарӯзаи ҳисоботӣ дар кору фаъолияти соҳа ҳолати хизматрасонӣ дар 72 хатсайрҳои мавҷудаи КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» бо истифода аз потенсиали комиссияҳои депутативу ҷамъиятӣ мавриди санҷиш қарор дода шавад. Бобати ташкили шароити хуби мусофиркашонӣ ва бо инобати аз моҳи март ба хатсайрҳо сафарбар намудани 150 адад автобусҳои нав фаъолияти корхонаҳои коммуналии мусофирбарӣ дар ду баст ба нақша ва амалӣ карда шавад. Муқаррар карда шуд, ки хизматрасонӣ дар басти дуюм барои автобусҳо то соати 22-00 ва барои троллейбусҳо то соати 23-00 роҳандозӣ гардад.



Ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ дар ин

 

самт Маҳмадсаид Убайдуллоев эълон дошт, ки баҳри сохтмони терминалҳои мусофиркашонӣ дар ҳудуди

 

4 дарвозаҳои даромадгоҳи шаҳри Душанбе дархостҳои ташаббусии соҳибкорон аз ҷониби шаҳрдорӣ қабул карда мешавад. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.