Дар Душанбе оид ба масъалаи дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон аз ҷониби ВАО семинар баргузор мешавад

Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сафарбарии ВАО-и Осиёи Марказӣ ба дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон» семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд. Тавре ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинари мазкур аз ҷониби Бунёди трастии ВВС дар ҳамдастӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сафарбарии ВАО-и Осиёи Марказӣ ба дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон» семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд.






Тавре ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинари мазкур аз ҷониби Бунёди трастии ВВС дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон ва Маркази захираҳои ВАО-и Қирғизистон дар шаҳри Ош созмон дода мешавад.





Ба гуфтаи А.Воҳидов, шунавандагони семинар дар асоси озмун аз миёни журналистони васоити ахбори умуми чопӣ ва рӯзноманигорони ҷавон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ интихоб гардидаанд ва ба ҳайати ҳар як гурӯҳ рӯзноманигор, аксбардор ва коршиноси ташкилоти ғайриҳукуматӣ шомил мебошанд. «Вижагии кори семинар дар он ифода мегардад, ки шунавандагон воқеан ба фаъолият пардохта, ҳангоми таҳияи мавод ба сафарҳои корӣ мераванд ва пас аз анҷоми семинар, тибқи озмун маводи онҳо баррасӣ хоҳад гардид», – гуфт ӯ.





А.Воҳидов мегӯяд, ғолибон имкони дар мактаби рӯзноманигории шаҳри Екатеринбург таҳсил намуданро пайдо хоҳанд кард. «Минбаъд баргузории чунин семинар барои рӯзномнигорони телевизион ва радио низ дар назар аст», – изҳор дошт А.Воҳидов.





Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа доир сохтани чунин семинарҳо дар шаҳри Хуҷанд низ пешбинӣ шудааст.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.