Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда ба шаҳри Шармул-ул-Шайхи Миср рафт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлатро дар ин сафар вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. «Дар чаҳорчӯбаи ширкат дар кори нишаст сарвари давлати Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои давлатҳо – иштирокчиёни нишаст дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод», – афзуданд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 118 кишвар узви он буда, 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ин ҷунбиш мақоми нозирро доранд.