Дар вилояти Суғд ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ коҳиш меёбад

            Хуҷанд. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ коҳиш меёбад.             Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов хабар дод, дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ ба андозаи 20 дарсад кам шудааст. Коршиносон бар […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ коҳиш меёбад.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов хабар дод, дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ ба андозаи 20 дарсад кам шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки захираҳои газ коҳиш меёбанд ва коркарди конҳои нави истихроҷ зарур аст. Истеҳсоли нафт бошад, баръакс, 100 тонна зиёдтар шудааст.




           

Ба гуфтаи С.Рустамов, ҳарчанд дар вилоят моҳи январ ба иллати норасоии ашёи хом, кам шудани талабот ба маҳсулот ва бозистии мавсимӣ 78 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда бошад ҳам, барои саноатчиён он моҳи бад набуд. «Моҳи январ дар вилоят ба маблағи 73,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст ва суръати афзоиш нисбат ба моҳи январи соли гузашта 111,3 дарсадро ташкил медиҳад», – афзуд ӯ.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.