СААД ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

Date:


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав гуфтушуниди дабири кулли созмон Николай Бордюжа ва директори Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Русия Энрико Понзиани доир гашт.





           

Тавре аз котиботи СААД ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории муштарак дар бахши пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳодисаҳои харидуфурӯши одамонро мавриди баррасӣ қарор доданд.




           

Николай Бордюжа ба Энрико Познани перомуни фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори таъсисдода оид ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар чаҳорчӯбаи созмон ва кӯшишоти муштараки кишварҳои узви созмон дар ин ҷода маълумот дод.




           

Дар навбати худ Энрико Познани изҳор дошт, ки Дафтари СБМ дар Русия барои баргузории таҳлили таносубии ҳуқуқии меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории кишварҳои узви СААД дар бахши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва харидуфурӯши одамон бо мақсади муайянсозии ҷавобгӯ будани онҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ омода аст.




           

Ҷонибҳо натиҷаҳои амалисозии Протоколи ҳамкорӣ, ки миёни СААД ва СБМ соли 2006 ба имзо расида буд, мусбат арзёбӣ намуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...