Имрӯз дар Душанбе оид ба мушкилоти сатҳи касбии омодасозии захоири меҳнатии Тоҷикистон мизи мудаввар доир мегардад

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди сатҳи касбии омодасозии захоири меҳнатии кишвар» масъалаи имконоти беҳбуди сатҳи касбии захоири меҳнатии кишвар тавассути маълумоти ибтидоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре муовини роҳбари лоиҳаи dvv international «Дастгирии маълумоти касбӣ дар Тоҷикистон – марҳилаи 2» Фарҳод Содиқов […]


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди сатҳи касбии омодасозии захоири меҳнатии кишвар» масъалаи имконоти беҳбуди сатҳи касбии захоири меҳнатии кишвар тавассути маълумоти ибтидоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.




Тавре муовини роҳбари лоиҳаи


dvv




international




«Дастгирии маълумоти касбӣ дар Тоҷикистон – марҳилаи 2» Фарҳод Содиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мизи мудаввар намояндагони корфармоёни шаҳри Душанбе, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва директорни омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва литсейҳо ширкат меварзанд. «Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, мусоидат намудан ба беҳбуди сатҳи касбии маълумоти ибтидоии касбӣ ва ташкили механизмҳои шарикӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва корфармоёну иттиҳодияҳо аст», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи номбурда, иштирокдорони мизи мудаввар атрофи мушкилоти мавҷуда дар масъалаи омӯзиши кадрҳои соҳибихтисос ва фароҳам сохтани шароити мусоиди ҳуқуқӣ дар ин самт табодули назар хоҳанд кард. «Дар чорабинӣ қабули қарор оид ба идомаи таҳияи лоиҳаи тавсияҳо барои рушди маълумоти касбӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст», – афзуд Ф.Содиқов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.