СААД ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав гуфтушуниди дабири кулли созмон Николай Бордюжа ва директори Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Русия Энрико Понзиани доир гашт.             Тавре аз котиботи СААД ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории муштарак дар бахши пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ […]


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав гуфтушуниди дабири кулли созмон Николай Бордюжа ва директори Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Русия Энрико Понзиани доир гашт.





           

Тавре аз котиботи СААД ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории муштарак дар бахши пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳодисаҳои харидуфурӯши одамонро мавриди баррасӣ қарор доданд.




           

Николай Бордюжа ба Энрико Познани перомуни фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори таъсисдода оид ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар чаҳорчӯбаи созмон ва кӯшишоти муштараки кишварҳои узви созмон дар ин ҷода маълумот дод.




           

Дар навбати худ Энрико Познани изҳор дошт, ки Дафтари СБМ дар Русия барои баргузории таҳлили таносубии ҳуқуқии меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории кишварҳои узви СААД дар бахши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва харидуфурӯши одамон бо мақсади муайянсозии ҷавобгӯ будани онҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ омода аст.




           

Ҷонибҳо натиҷаҳои амалисозии Протоколи ҳамкорӣ, ки миёни СААД ва СБМ соли 2006 ба имзо расида буд, мусбат арзёбӣ намуданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.