Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди сатҳи касбии омодасозии захоири меҳнатии кишвар» масъалаи имконоти беҳбуди сатҳи касбии захоири меҳнатии кишвар тавассути маълумоти ибтидоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Тавре муовини роҳбари лоиҳаи
dvv
international
«Дастгирии маълумоти касбӣ дар Тоҷикистон – марҳилаи 2» Фарҳод Содиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мизи мудаввар намояндагони корфармоёни шаҳри Душанбе, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва директорни омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва литсейҳо ширкат меварзанд. «Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, мусоидат намудан ба беҳбуди сатҳи касбии маълумоти ибтидоии касбӣ ва ташкили механизмҳои шарикӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва корфармоёну иттиҳодияҳо аст», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, иштирокдорони мизи мудаввар атрофи мушкилоти мавҷуда дар масъалаи омӯзиши кадрҳои соҳибихтисос ва фароҳам сохтани шароити мусоиди ҳуқуқӣ дар ин самт табодули назар хоҳанд кард. «Дар чорабинӣ қабули қарор оид ба идомаи таҳияи лоиҳаи тавсияҳо барои рушди маълумоти касбӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст», – афзуд Ф.Содиқов.


