Ҳукумати Тоҷикистон барномаи миллии барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдаконро таҳия месозад, – назари коршинос

                Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Директори Барномаи барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон (ИПЕК) дар Осиёи Марказӣ Ундра Сурен чунин мешуморад, ки аз меҳнати кӯдакон дар минтақа аслан дар бахши кишоварзӣ истифода мешавад.             Дар мусоҳибаи ихтисосӣ номбурда ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳангоме сухан дар бораи кори хатарнок ва шаклҳои […]

Мавҷуда Ҳасанова



           




   

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Директори Барномаи барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон (ИПЕК) дар Осиёи Марказӣ Ундра Сурен чунин мешуморад, ки аз меҳнати кӯдакон дар минтақа аслан дар бахши кишоварзӣ истифода мешавад.





           

Дар мусоҳибаи ихтисосӣ номбурда ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳангоме сухан дар бораи кори хатарнок ва шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон меравад, ҳодисаҳои фоҳишагарӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ, харидуфурӯши кӯдакон ва дигар шаклҳои меҳнати хатарнок дар назар дошта мешавад. «Масалан, ҳангоми пахтачинӣ ба кӯдакон хатари таъсир пестисидҳо таҳдид намуда, зимни парвариши шолӣ аксари вақт онҳо дар дохили обанд, ки чунин вазъ ба саломатӣ бетаъсир буда наметавонад ва инчунин кор бо техникаи вазнин низ хатарнок аст, вале агар кӯдакон дар шароити мувофиқ ва мутобиқи синнусол ба меҳнат шуғл варзанду аз он чизеро барои худ омӯзанд, ин аллакай истифодаи меҳнати кӯдакон арзёбӣ намегардад», – гуфт ӯ.




           

Ундра Сурен мегӯяд, бахши дуввуми истифодаи меҳнати кӯдакон иқтисоди пасипардагӣ аст, ки ба он кӯдакони машғули кор дар бозору кӯчаҳо шомиланд ва аксари онҳоро духтарони аз 13 то 16-сола ташкил медиҳанд. «Маҳз ба онҳо хатари истифода бо мақсади шаҳвонӣ ва харидуфурӯш таҳдид мекунад ва ин ҷо миёни кӯдаконе, ки дар хонаводаҳо кор мекунанд (ба сифати хизматгор ва ғайра) ва ҳодисаҳои харидуфурӯши одамон алоқае мавҷуд аст, ки мо онро «шакли бадтарини истифода аз меҳнати кӯдакон» мешуморем», – изҳор дошт ӯ.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, ахиран дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушкилоти дигаре рӯи кор омадааст, ки истифодаи меҳнати кӯдакон чун оқибати муҳоҷирати меҳнатӣ маънидод мегардад ва Тоҷикистон низ аз он истисно нест.




           

Дар ҳамин ҳол, У.Сурен аз ҳамкории зич бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар таҳияи Барномаи миллии барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.