Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2026

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1953 – Бори аввал дар доираи барномаи Хадамоти Осиёи Марказӣ Радиои “Озодӣ” ба забони тоҷикӣ пахш гардид.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”-ро имзо намуд.

Соли 2016 – Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии шеъри намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон китоби тарҳҳои намунавии либосҳои миллӣ барои занон бо номи “Дастурамали либоси тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар ҶТ” нашр гардид.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар олимони тоҷикро барои асардӯздӣ ё плагиат интиқод кард.

Соли 2021 – Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро барои истифодаи моддаи мамнӯъ ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда шуд.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузошт. Аз ҷумла, ба қонунҳо “Дар бораи захираҳои генетикӣ”, “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ” ва як қатор тағйиру иловаҳо дар кодексҳои андоз ва гумрук.

Соли 2024 – Дар доираи парвандаи рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк" 14 нафар ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла 5 гумонбар ба ҳукми абад маҳкум гариданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигори шинохта ва сиёсатмадори тоҷик.

Отахон Латифӣ яке аз шахсиятҳои намоёни журналистика ва сиёсат дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро аз журналистика оғоз намуда, дар нашрияҳои бонуфузи шӯравӣ, аз ҷумла “Комсомолская правда”, “Правда” ва “Известия” кор кардааст.

Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъин шуда, барои ба эътидол овардани нооромиҳои кишвар нақши калидӣ бозид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд, ки Тоҷикистонро тарк кунад, аммо ҳамчун раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ талошҳои сулҳҷӯёнаи худро идома дод.

Латифӣ яке аз ташаббускорони музокироти сулҳи байни тоҷикон буд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба Душанбе баргашта, ба ҳайси раиси зеркумиссиони ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кард.

Отахон Латифӣ 22 сентябри соли 1998 дар Душанбе ба қатл расонида шуд. Куштори ӯ то имрӯз мармуз боқӣ мемонад.

Соли 1956 – Мавлуди Шамсиддин Орумбекзода, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Шамсиддин Орумбекзода шахсияти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии Тошкандро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор оғоз намуда, баъдан дар бахшҳои телевизион ва радио, мақомоти идоракунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва идоракунии давлатӣ кор кардааст. Аз соли 2011 мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо ва аз соли 2013 то 2020 Вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Соли 1966 – Мавлуди Маҳмадсаид Шоҳиён (Пиров), ҳунарпеша ва директори “Тоҷикфилм”.

Маҳмадсаид Шоҳиён дорои таҳсилоти олӣ дар соҳаҳои ҳунар, иқтисод, ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ аст. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун ҳунарпешаи Театри академию драмавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз намуда, сипас дар телевизион, кино ва идоракунии расонаҳо фаъолият кардааст.

Шоҳиён дар вазифаҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, раиси “Телевизиони Сафина”, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст. Маҳмадсаид Шоҳиён аз соли 2020 то ҳол роҳбари “Тоҷикфилм” аст.

Шоҳиён инчунин дар синамои тоҷик як қатор нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, нақши  Восеъ дар “Ашк ва шамшер”,  Маҷнун дар “Муҳаббат дар сад сол”, Ҳалимбой дар “Буд набуд”, Абдушукур дар “Дар орзӯи падар” иҷро кардааст.

Ахиран иҷрои нақши Ҷомӣ дар филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” баҳсбарангез шуд ва ӯ, ки бозигари филм интихоб шуда буд, баъди анҷоми чанд марҳилаи сабт ва вокуниши тунди ҷомеа аз ин нақш канор рафт ва ба ҷойи ӯ Қурбони Собир ҳамчун бозигари ин нақш интихоб шуд.

Соли 2004 – Абдуҷалил Самадов, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик, собиқ сарвазири Тоҷикистон дар 54-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2017 – Низом Нурҷонов, олим, санъатшинос ва театршиноси тоҷик дар синни 93-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Низом Нурҷонов яке аз санъатшиносони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Айни балоғати ӯ ба даврони ҷанги Шӯравӣ муқобили Олмон ё ба истилоҳ ҷанги бузурги ватанӣ рост омад ва ӯ ба ҷанг рафт. Баъди бозгашт дар Донишкадаи давлатии педагогии Шевченко таҳсил намуд ва ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.

Ӯ асосгузори шуъбаи таърихи санъат дар Академияи улуми кишвар аст. Дар самти таҳқиқи санъат корҳои бузург анҷом дода, рисолаҳояшро дар риштаи “Таърихи театри шӯравии тоҷик” (солҳои 1917-1941) ва “Театри мардумии тоҷик: бар асоси маводи вилоят Кӯлоб” ҳимоя кард.

Саҳми мунаққиди номӣ дар инкишофи нақди театр пурарзиш буда, мақолаҳо ва тақризҳояш дар маҷаллаҳои бонуфузи гуногуни Тоҷикистону берун аз он ба табъ расидаанд. Умуман, шумораи китобу рисолаву мақолаҳои мухталифи муаллиф то имрӯз беш аз 900 номгӯйро ташкил медиҳад, ки гувоҳи равшани соҳибҳунарӣ ва заҳматписандии беназири ӯ мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 18-уми март Рӯзи Коммунаи Париж таҷлил мешавад.

18 марти соли 1871, дар натиҷаи як шӯриши мусаллаҳонаи мардуми Париж, ҳукумати буржуазӣ сарнагун карда шуд ва ҳокимияти халқӣ – Коммунаи Париж таъсис ёфт.

Инқилоб 72 рӯз идома кард (аз 18 март то 28 майи 1871) ва дар ин муддат як қатор тағйироти муҳим амалӣ гардид. Аз ҷумла, артиши доимӣ барҳам дода шуд ва ҷои онро милитсияи халқӣ гирифт, ҷудоии калисо аз давлат эълон шуд, музди кори рӯҳониён бекор гардид, маориф хусусияти дунявӣ пайдо кард.

Аммо инқилоб натавонист дар тамоми Фаронса пирӯз шавад. Неруҳои ҳукумати Версал бо истифода аз артиши зиёд ва таҷҳизоти пешрафта, Коммунаро шикаст доданд. Пас аз фурӯ нишондани шӯриш, зиёда аз 13 000 нафар боздошт шуданд, ки 7 500 нафар ба маҳбасҳо ва минтақаҳои дурдаст бадарға ва зиёда аз 20 нафар эъдом шуданд.

Дар ҳамин рӯзи соли 1662 дар Париж нахустин хидмати нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз ёфт. Ин як аробаи ҳаштнафара буд, ки “омнибус” (маънояш – “барои ҳама”) ном дошт ва бо қувваи асп ҳаракат мекард.

Аввалан, омнибус барои шахсоне пешбинӣ мешуд, ки тавони истифодаи карета ё паланкинро надоштанд, вале баъдан ба одамони табақаи поинӣ манъ гардид. Дар натиҷа, нақлиёт аз сабаби кам шудани мусофирон барҳам хӯрд. Танҳо дар аввали асри XIX, омнибус дубора дар Аврупо пайдо шуд.

Имрӯз, дар бархе аз шаҳрҳои Аврупо омнибусҳо барои гардишгарон истифода мешаванд, дар баъзе шаҳрҳои Куба бошад, то ҳол нақши нақлиёти ҷамъиятиро иҷро мекунанд.

18 марти соли 1965 аввалин бор дар таърих одам ба фазои кушод баромад. Ин шахс кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов буд, ки тақрибан 12 дақиқа дар беруни киштии “Восход-2” қарор дошт. Барои ин сафар, дар киштии “Звезда” скафандри махсуси “Беркут” таҳия гардид.

Баъд аз чанде, кайҳоннавардони амрикоӣ низ чунин таҷрибаро такрор карданд. Рӯзи 3 июни соли 1965, кайҳоннавардони амрикоӣ Ҷеймс Макдивитт ва Эдвард Уайт, ки бо киштии кайҳонии “Gemini-4” парвоз карданд, дари киштиро боз намуданд ва Уайт ба фазои кушод баромад.

18 марти соли 1980 дар майдони озмоишии “Плесецк” (вилояти Архангелск) ҳангоми омодагӣ ба парвози мушаки борбари “Восток-2М” таркише рух дод, ки боиси талафоти зиёди инсонӣ гардид. Рӯзи 17 март, як рӯз пеш аз таркиш, мушак дар таҷҳизоти парвозӣ насб шуда, тамоми санҷишҳоро бидуни мушкил гузашт. Аммо 2 соату 15 дақиқа пеш аз парвози нақшавӣ таркиш рух дод.

Дар натиҷаи ин фоҷеа, 44 хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расиданд, зиёда аз 40 нафар ҷароҳатҳои гуногун гирифта, ба беморхона интиқол ёфтанд, ки баъдан 4 нафари дигар дар он ҷо вафот карданд.

18 марти соли 1892 ҷоизаи Ҷоми Стэнли барои беҳтарин дастаи хоккей таъсис дода шуд. Ин ҷоиза ҳар сол ба ғолиби силсилаи плей-оффи Лигаи Миллии Хоккей дода мешавад. Ҷоми Стэнли як ҷоми нуқрагинест, ки баландиаш тақрибан 90 см буда, пояи баланди силиндршакл дорад.

Ин ҷоиза ба шарафи Лорд Стэнли Престон, губернатори генералии Канада, ки мафтуни бозии хоккей шуда буд, номгузорӣ шудааст. Ӯ барои қадрдонии беҳтарин дастаи хоккейи Канада як косаи нуқрагинро, ки дар платформаи чӯби сиёҳ ҷойгир буд, харидорӣ кард. Номҳои ғолибонро дар ин коса ҳаккокӣ мекарданд. Баъдан, бо гузашти вақт, андозаи пояи Ҷоми Стэнли ба 135 см, баландиаш ба 90 см ва вазнаш ба 15,5 кг расид.

18 марти соли 1931 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин мошини риштарошии барқӣ ба истеҳсоли оммавӣ бароварда шуд.

Ин дастгоҳро Ҷейкоб Шик (Jacob Schick) ихтироъ кард. Ӯ пас аз таҷрибаҳои зиёд мошини барқии риштароширо таҳия намуд, ки раванди риштароширо осон ва бехатар гардонд.

Ихтирои мошини риштарошии барқӣ як қадами муҳим дар соҳаи нигоҳубини шахсӣ буд ва он то имрӯз яке аз асбобҳои маъмул барои мардон боқӣ мондааст.

18 марти соли 1999 аввалин сабти блог дар платформаи “Живой журнал” (LiveJournal) нашр шуд.

Ин платформа аз ҷониби Бред Фиспатрик (Brad Fitzpatrick), барномасози амрикоӣ сохта шудааст. Домен ё нишонии "LiveJournal.com" бошад, 15 апрели соли 1999 ба қайд гирифта шуд. "LiveJournal" як блог-платформаест, ки ба корбарон имкон медиҳад рӯзномаи шахсӣ (блог) эҷод кунанд ва мундариҷаи худро бо дигарон мубодила намоянд. Ин платформа ба шарофати имкони муоширати фаъол миёни корбарон "зинда" номида шудааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, рӯзона борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз борон меборад ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -1+4º, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 3+5º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.