Кадом бозорҳои Душанбе ва чанд рӯз дар ҷашни Наврӯз кор намекунанд?

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то чаҳор рӯз кор намекунанд. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аз ҷумла, бозори “Корвон”,“Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 25-уми март ба кор оғоз мекунанд. Аз ин […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то чаҳор рӯз кор намекунанд. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ҷумла, бозори “Корвон”,“Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 25-уми март ба кор оғоз мекунанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, чун 20-уми март рӯзи Иди Фитр аст, ҳамаи бозорҳо дар ин рӯз кор намекунанд. Чанде аз бозорҳои калони пойтахт аз ҷумла, бозорҳои “Деҳқон”, “Саховат” ва “Сафариён” дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз кор хоҳанд кард.

Рӯйхати ин бозорҳоро дар баргаҳои мо бубинед:

Бояд гуфт, сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон аз 20 то 29-уми март истироҳат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ аз 30-юми март рӯзи корӣ эълон шудааст.

Дар ҷашни Наврӯз хонандагони мактабҳо 10 рӯз ва донишҷӯён 6 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд.

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар “Наврӯзгоҳ”, соати 19:00 бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мегардад? Дар ин пайванд мутолиа кунед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.