Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст

Давлат ба шарикони байнулмилалӣ ва тиҷорат умедвор аст.

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёт барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад. Ин барнома яке аз ҳуҷҷатҳои калидии стратегӣ маҳсуб ёфта, ба табдил додани кишвар ба ҳалқаи мукаммали нақлиётӣ равона шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба барнома ҳудуди 19,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 2 млрд доллар)-ро ташкил дода, дар ҳамин ҳол, сарбории асосӣ ба дӯши шарикон ва бахши хусусӣ вогузор мегардад.

Пул аз куҷост?

Мувофиқи ҳуҷҷат сарчашмаҳои маблағгузорӣ тариқи зайл тақсим шудаанд:

– Буҷети давлатӣ — 189,5 млн сомонӣ;

– Шарикони рушд (сармоягузорони байнулмилалӣ) — 16,51 млрд сомонӣ;

– Бахши хусусӣ — 2,48 млрд сомонӣ.

Ба ин тариқ, давлат ҳамагӣ ҳиссаи начандон зиёди маблағгузориро ба дӯш гирифта, ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва рушди шарикии давлатӣ-хусусӣ такя мекунад.

Дар ҳамин ҳол, қисмате аз иштироки буҷет дар шакли имтиёзҳо аз пардохти андоз ва гумрук амалӣ мешавад.

Маблағҳо ба куҷо сарф мешаванд?

Дар Барнома таъмиру навсозии бузургмиқёси зерсохтори нақлиёти кишвар пешбинӣ шудааст. Дар он самтҳои калидии зерин пешбинӣ шудааст:

– сохтмон ва таъмиру навсозии то 700 км роҳҳо;

– рушди шабакаи роҳҳои оҳан;

– бунёди марказҳои муосири логистикӣ;

– ҷорисозии роҳу воситаҳои ҳалли рақамӣ.

Мушкилоти асосӣ

Муаллифони барнома зикр мекунанд, ки сарфи назар аз пешрафти ноилгардида, соҳаи нақлиёт ба як қатор хавфу чолишҳои доимӣ дучор аст:

– рушди сусти шабакаи роҳҳои оҳан бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон;

– норасоии марказҳои муосири логистикӣ;

– сатҳи пасти рақамисозии расмиёти гумрукӣ;

– норасоии иншооти зерсохтор дар нуқтаҳои марзӣ;

– фарсудагии ҳайати қатораҳо ва рӯйпӯши роҳҳо;

– арзиши баланди ҳамлу нақл;

– камбуди мутахассисон дар соҳаи IT (технологияҳои иттилоотӣ) ва рақамисозӣ;

– рушди сусти нақлиёти ҷамъиятӣ ва барқӣ.

Натиҷаҳои интизоридошта

То соли 2030 мақомот расидан ба рушди назарраси нишондиҳандаҳои зеринро дар назар доранд:

– ҳамлу нақли молу маҳсулот (боркашонӣ) — афзоиш то 126,8%;

– гардиши молу маҳсулот — то 128,5%;

– ҳамлу нақли мусофирон — то 128,5%;

– рушди нақлиёти барқӣ — афзоиш то 124,7%.

Ғайр аз ин, аз поинравии арзиши ҳамлу нақл, беҳбуди сифати хидматрасониҳо ва рақамисозии соҳа бо шумули табодули электронии маълумоти гумрукӣ бо шарикони тиҷоратӣ интизорӣ меравад.

Рушди зерсохтори нақлиёт ҳамчун омили калидии раҳоии Тоҷикистон аз “бунбасти иртиботӣ (коммуникатсионӣ)” ва ба пули транзитӣ табдил ёфтани кишвар байни минтақаҳо баррасӣ мешавад.

Рақамисозӣ ҳамчун таркиби калидӣ

Дар барнома ба тағйирёбии рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Зикр мегардад, ки аллакай платформаи ягонаи идоракунии низомҳои нақлиётӣ, инчунин низомҳои GPS-мониторинги нақлиёт ҷорӣ мешавад.

Дар назар аст, ки рақамисозии минбаъда ба анҷоми чунин амалҳо имкон диҳад:

– баланд бардоштани шаффофияти хидматрасониҳо;

– кам кардани иқтисоди пасипардагӣ;

– суръат бахшидан ба равандҳои логистикӣ;

– коҳиши хавфҳои коррупсионӣ.

Ба хавфҳои асосии марбут ба маблағгузорӣ муаллифони барнома масоли зеринро мансуб медонанд:

– таъхир дар ҷудо шудани маблағҳо метавонад муҳалти амалисозии барномаро дароз кунад;

– саривақт иҷро нашудани чорабиниҳо ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои ҳадафнок таъсир мерасонад.

Ба сурати умум, ин санад ба таъмиру навсозии сохтории соҳаи нақлиёт равона шудааст, ки ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба бозингари муҳими транзитӣ дар Осиёи Марказӣ имкон медиҳад. Аммо муваффақ шудани он аксаран ба қобилияти ҷалби сармоягузорӣ, суръат бахшидан ба рақамисозӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи зерсохтор вобаста аст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ то соли 2025 инҷониб  2407,8 км роҳҳо, 274 пул, 2 чорраҳаи сесатҳа ва 2 чорраҳаи дусатҳа ва 7 нақби нақлиётӣ таъмиру навсозӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 58 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 2,2 млрд доллар амалӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.