Тоҷикистон бо хароҷоти нисбатан кам ба сафи кишварҳое дохил шуд, ки ба соҳаи дифоъ ба ҳар сари аҳолӣ камтар маблағ сарф мекунад. Тибқи арзёбии пойгоҳи байналмилалии таҳлилии “Global Firepower” барои соли 2026, ин нишондиҳанда ҳудуди 43 доллар ба як нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ба таври назаррас камтар аст.
Барои муқоиса, Қазоқистон ба мудофиа ҳафт баробар бештар – ҳудуди 288 доллар ба як нафарро масраф мекунад. Дар Туркманистон ин нишондиҳанда ҳудуди 254 доллар, Ӯзбекистон ҳудуди 170 доллар ва Қирғизистон наздикӣ 106 доллар барои 1 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти “Global Firepower”, радабандии иқтидори ҳарбии кишварҳо бар асоси зиёда аз 60 омил, аз ҷумла теъдоди артиш ва бо аслиҳа муҷаҳҳаз будани он то логистика, захираҳои молиявӣ ва шароити ҷуғрофӣ тартиб дода мешавад. Ҳаҷми буҷети соҳаи мудофиа танҳо яке аз нишондиҳандаҳо мебошад ва мавқеи ниҳоии кишварро муайян намекунад.
Дар радабандии ҷаҳонии иқтидори ҳарбӣ барои соли 2026, Тоҷикистон мақоми 100-умро касб карда, як қатор кишварҳои минтақа поинтар қарор дорад.
Коршиносони “Global Firepower” зикр мекунанд, ки нишондиҳандаи хароҷот ба ҳар сари аҳолӣ на танҳо сатҳи иқтидори ҳарбӣ, балки сарборӣ ба иқтисод ва афзалиятнокии соҳаи мудофиаро таҷассум месозад.
Ба даҳгонаи аввал аз лиҳози сатҳи иқтидори ҳарбӣ мувофиқи маълумоти “Global Firepower”, ИМА, Русия, Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Ҷопон, Британияи Кабир, Туркия ва Италия шомиланд.


