Тоҷикистон аз рӯйи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба ҳар сари аҳолӣ) дар Осиёи Марказӣ, ки 1430 доллар дар соли 2025-ро ташкил дод, дар зинаи охир қарор гирифт. Дар ин бора аз маълумоти навшудаи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) зикр мешавад.
Тибқи пешгӯйиҳои ХБА, соли 2026 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон то 1800 доллар боло меравад, ки аз беҳбуди устувори вазъияти иқтисодӣ дар кишвар гувоҳӣ хоҳад дод, вале дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда ба таври назаррас пасттар аст.
Шабакаи Telegram-ил “Геостатистика” хабар медиҳад, ки тайи 30 соли ахир ММД-и номиналӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 6,7 баробар афзуд. Соли 1995 нишондиҳандаи мазкур ҳамагӣ ба 214 доллар баробар буд.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаҳои нисбатан баландтар ба қайд гирифта шудааст. Дар Қазоқистон, ки рушди иқтисод идома дорад, соли 2025 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ 14 779 долларро ташкил дод, ки зиёда аз 10 баробар аз нишондиҳандаи Тоҷикистон баландтар мебошад. Дар Туркманистон ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 13 340 доллар баробар буда, дар Ӯзбекистон ин нишондиҳанда ба 3510 доллар мерасад.
Қобили зикр аст, ки ХБА ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолиро аз рӯйи нархҳои ҷорӣ ҳисоб мекунад. Ин ба арзёбии сатҳи умумии некӯаҳволӣ ва қобилияти харидорӣ имкон медиҳад.


