Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

asia+

Дар пайи санҷиш ё рейдҳои густурдаи мақомоти қудратии Руси дар моҳи март ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар ихроҷ мешаванд. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Русия дар хабар додааст. Ӯ гуфтааст, дар натиҷаи ин рейдҳо садҳо қонуншиканӣ дар байни муҳоҷирон ошкор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, санҷишҳо дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии амният (ФСБ) дар бахши нақлиёт, бозору анборҳо, минтақаҳои саноатӣ ва ҷойи зисти шаҳрвандони хориҷӣ, дар умум, дар зиёда аз 130 ҳазор иншоот, ки муҳоҷирон зиндагиву кор мекарданд, гузаронида шуд.

Ирина Волк зикр кардааст, ки дар амалиёт ҳудуди 60 ҳазор корманди пулис ҷалб шуда, “барои самаранокии санҷишҳо технологияҳои муосир, аз ҷумла паҳпод (ҳавопаймои бесарнишин) истифода шудаанд”.

Ба иттилои вай, дар натиҷаи санҷишҳо ҳудуди 1000 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, инчунин 138 шахсе ошкор шудаанд, ки дар пайгард қарор доранд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби кормандони пулис 48 ҳазор қонуншикании маъмурӣ ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ, 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Изи ангушти 24 ҳазор нафар гирифта шуд.

Ба гуфтаи намояндаи ВКД Русия, дар пайи ин санҷишҳо, қарори додгоҳ дар бораи ихроҷи ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ қабул шуда, вуруди 7,7 ҳазор хориҷӣ ба ин кишвар манъ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, шумори онҳое, ки ихроҷ мешаванд эҳтимол бештар шавад. Чунки Думаи давлатии Русия нақша дорад, ки рӯйхати асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро қариб ду баробар зиёд кунад. Агар ин тағйирот пазируфта шавад, аз ҷумла барои ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳар гуна ҳарфе зидди артиши Русия боиси ихроҷи муҳоҷирон мешавад.

Ҳоло, ихроҷи муҳоҷирон дар 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ва тарғиби кӯдакозорӣ шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд.

Тарҳи нави қонун пешниҳод мекунад, ки ин рӯйхат то 43 модда зиёд карда шавад. Баъд аз ин вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаботи пулис ва эҷоди монеа дар фаъолияти иншооти инфрасохторӣ ва нақлиёт низ метавонанд асос барои ихроҷ шаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2025 аз Русия 72 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.