Трамп мехоҳад ба “беҳтарин тавофуқ” бо Эрон даст ёбад. Пизишкиён “муҳосира ва таҳдид”-ро монеа медонад

Дар ин миён, Эрон тасдиқ кард, ки аз тангаи Ҳурмуз даромад гирифтааст.

Идибеки Саид, asia+

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, барои тавофуқ бо Эрон “шитоб” надорад. Ӯ рӯзи 23-уми апрел дар як нишасти хабарӣ дар “Кохи Сафед” изҳор дошт, ки барои поён додан ба ҷанг зери фишор нест ва мехоҳад, “беҳтарин тавофуқ” бо Эрон ба даст ояд.

Пеш аз ин Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар робита ба тавофуқ дар навиштае дар саҳифаи “Х”-и худ изҳор дошт, ки “Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора аз гуфтугӯ ва тавофуқ истиқбол карда ва мекунад. Бадаҳдӣ, муҳосира ва таҳдид монеи аслии музокираи воқеӣ аст”.

Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ гуфтааст, дар ҷанги Эрон аз силоҳи ҳастаӣ истифода нахоҳад кард ва иддао кардааст, ки Амрико ба ҳадафҳои низомии худ дар ин ҷанг даст ёфтааст.

Раисҷумҳури Амрико таъкид кардааст, “ҳеҷ кас набояд иҷозаи истифода аз силоҳи ҳастаиро дошта бошад”. Ин дар ҳолест, ки ӯ қаблан Эронро бо ҳамлаи ҳастаӣ таҳдид карда буд.

Дар ҳоле, ки мақомоти Эрон Амрикоро бо муҳосираи бандарҳои ҷанубии Эрон ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд, Доналд Трамп иддао кард, ки “идораи комил”-и тангаи Ҳурмузро дар даст дорад ва танҳо пас аз тавофуқ бо Эрон боз хоҳад шуд. Назари мақомоти Эрон баръакси онро мегӯянд.

Ӯ пештар аз ин дар саҳифаи “Truth Social”-и худ навишт, ки вақт барои Эрон “босуръат” мегузарад ва изҳор дошт, ки “тавофуқ танҳо замоне анҷом хоҳад шуд, ки муносиб ва ба нафъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муттаҳидони мо ва тамоми ҷаҳон бошад”.

Доналд Трамп ҳамчунин, ба нерӯҳои амрикоӣ дастур додааст, ки қаиқҳоеро, ки “дар ҳоли минагузорӣ дар обҳои тангаи Ҳурмуз ҳастанд, ҳадаф қарор дода, нобуд кунанд”.

Тангаи Ҳурмуз, сохтаи ҳушвора

Ӯ ҳамзамон доир ба вазъияти дохилии Эрон иддао кард, ки “тундравҳо” бо “миёнаравҳо” дар ҳоли даргирӣ ҳастанд.

Дар посух ба ин иддао Масъуд Пизишкиён, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумон ва Муҳсини Эжаӣ, раисони қувваи қазоии Эрон дар паёмҳои алоҳида дар саҳифаҳои “Х”-и худ таъкид ба вуҷуд надоштани “тундравҳо” ва “миёнаравҳо” дар Эрон навиштанд, ки “ҳамаи мо эронӣ ва инқилобӣ ҳастем”.

Эрон тасдиқ кард, ки аз тангаи Ҳурмуз даромад гирифтааст

Дар замоне, ки гуфтугузорҳо атрофи тангаи Ҳурмуз зиёд мешавад, хабаргузории эронии “Форс” тасдиқ кард, ки Бонки марказии Эрон аввалин даромадро аз иҷозаномаи убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз ба даст овардааст ва он ба шакли пули нақд ба ҳисоби бонки мазкур ворид шудааст.

Ин расона навиштааст, нархи ҷоришуда ба киштиҳо вобаста ба навъу миқдори мол ва эҳтимоли вуҷуд доштани хатар фарқ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Козим Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав гуфтааст, ки Русия аз пардохти иҷозатномаи убур аз тангаи Ҳурмуз истисно аст.

Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории русии “РБК” изҳор доштааст, ки “Вазорати корҳои хориҷии мо талош мекунад, ки барои кишварҳои дӯст, ба мисли Русия, аз ин истисно истифода барад”.

Ёдовар мешавем, ки чанд соат пеш аз оташбаси дуҳафтаӣ миёни Амрико ва Эрон, ки қарор буд, 22-юми апрел поён ёбад, Доналд Трамп эълон карда буд, ки бо дархости Покистон муддати ин оташбасро дароз кард, вале ба нерӯҳояш дастур дод, ки муҳосираи бандарҳои ҷанубии Эронро идома диҳанд. Чизе, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ онро нақзи оташбас ва монеӣ аслӣ барои ҳузур дар даври дуюми музокирот медонанд.

Сарфи назар аз иддаоҳои Доналд Трамп дар бораи муҳосираи тангаи Ҳурмуз, расонаҳо аз убури чандин киштии эронӣ хабар медиҳанд.

Бояд гуфт, ин ҳама таниш ва моҷаро 28-уми феврал, бо ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрикову Исроил ба хоки Эрон оғоз шуд. Ин ҳамла 40 рӯз идома кард. Амрикову Исроил аз ҳаво шаҳрҳои Эронро мушакборон карданд ва дар посух, Эрон Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои арабиро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

Дар ин миён, нерӯҳои амрикоӣ чандин бинои ғайринизомӣ дар Эронро ҳам бо мушак заданд. Аз ҷумла, бемористону мактабу пулҳоро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳоло дар Амрико ҳадди аққал санҷиши ҳамла ба як мактаби эронӣ идома дорад, ки дар пайи он 270 хонандаи мактаб ҷон бохт.

Ҳоло ду кишвар оташбас эълон кардаанд ва даври аввали музокиротро бо миёнҷигарии Покистон дар Исломобод баргузор карданд, аммо он нокм шуд. Ба навиштаи расонаҳо, даври дуюми музокирот шояд дар рӯзҳои наздик ва боз дар Исломобод баргузор шавад. Хабарҳо дар бораи сафари ҳайатҳои музокиракунандаи ҳарду кишвар ба Покистон интишор мешавад, аммо касе тасдиқ намекунад, ки онҳо барои музокирот озими ин кишвар мешаванд. Мақомоти ҳар ду кишвар ҳам ба таври расмӣ аз баргузории даври дуюми музокирот хабар надодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.