Оҷонсиии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар шаҳри Кӯлоб бо гумони тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет, парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Вобаста ба ин ҳолат роҳбари як корхонае, ки маркази саломатиро бо лавозимоту таҷҳизот таъмин мекардааст, низ айбдор мешавад. Аммо мудири маркази саломатӣ худро гунаҳкор намеҳисобод.
Аз Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” оғози ин парвандаҳоро тасдиқ ва кирдори анҷомдодаи гумонбаронро шарҳ доданд.
Тавре аз ин ниҳод гуфтанд, Сунатулло Нематуллозода мудири ҳамакнун пешини Маркази саломатии №2-и шаҳри Кӯлоб бо ҳамроҳии Фаррух Бобозода, сармуҳосиби ин ниҳод давоми соли 2025 аз ҳисоби буҷет 541 ҳазору 830 сомониро ба суратҳисоби соҳибкор Динмуҳаммад Файзов гузаронидаанд.
“Дар навбати худ, Динмуҳаммад Файзов маблағро нақдӣ кунонида, тибқи маслиҳати пешакӣ аз ин маблағ 54 ҳазору 183 сомониро ба нафъи худ гирифта, 487 ҳазору 647 сомониро ба Фаррух Бобозода мерасонад. Бобозода аз ин маблағ бо 244 ҳазору 584 сомонӣ барои эҳтиёҷоти маркази саломатӣ лавозимоту таҷҳизот харида, боқимонда 233 ҳазору 63 сомониро бо Нематуллозода тақсим карда, ин пулро тасарруф мекунанд”, – гуфтанд аз Оҷонсии зиддифасод.
Манбаъ гуфт, моҳи январи имсол алайҳи Сунатулло Нематуллозода, мудири Маркази саломатии №2 дар шаҳри Кӯлоб ва Фаррух Бобозода, сармуҳосиби ин марказ бо иттиҳоми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакории хидматӣ (моддаи 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Алайҳи Динмуҳаммд Файзов, соҳибкори инфиродӣ 15-уми декабри соли гузашта бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо маслиҳати пешакӣ ва сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат (моддаҳои 245, қисми 2 банди “г” ва 340, қисми 1-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Тавре аз Оҷонсии зиддифасод гуфтанд, тафтиши парвандаҳои мазкур ба анҷом расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ирсол шудааст. Аз Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки охирин парвандаи марбут ба ин қазия рӯзи 13-уми апрел ба дасти ин ниҳод расидааст ва баъди 14 рӯз мурофиаи он оғоз хоҳад шуд.

Намояндаи Шуъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб рӯзи 20-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди ин қазия Сунатулло Нематуллозода рӯзи 18-уми апрел аз вазифаи мудири Маркази саломатии №2-и ин шаҳр озод ва ба ҷойи ӯ Шарофиддин Рустамов, ки то ин вақт дар яке аз марказҳои саломатии ноҳияи Восеъ кор мекардааст, пешниҳод шудааст. Ба қавли манбаъ, баъди баромадани қарори раиси шаҳри Кӯлоб ӯ ба ин маснад менишинад.
Худи Сунатулло Нематуллозода рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мақомот ӯро барои назорат накардани нархгузорӣ ва исфрофкориву хунукназарӣ айбдор мекунанд.
“Маро ҳамчун роҳбар ба исрофкорӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гумонбар мекунанд. Инҷо маслиҳат байни сармуҳосиб ва роҳбари корхона шудааст. Фирмаи Файзов вақте, ки ба мо таҷҳизоту лавозимот, аз ҷумла 10 дастгоҳи сардкунанда, 70 радиатор, мизу курсӣ ворид кардааст, бо сармуҳосиб додугирифт карда, ин таҷҳизотро бо нархи гарон фурӯхтааст. Фирма аз тендер нагузашта будааст ва андозро низ насупоридааст, бо роҳи изофанависӣ дар нархи таҷҳизот мехостааст пули андозро супорад. Мақомот моро ба тасарруфи маблағи буҷет гумонбар мекунанд, мегӯянд чаро пули давлатро назорат накардӣ ва ба исрофкорӣ роҳ додӣ. Аз ин лиҳоз ман худро гунаҳкор меҳисобам”, – мегӯяд Нематуллозода.
Номбурда мегӯяд, ки корхонаи Файзов ба беш аз 22 марказҳои тиббӣ ва мактабҳои шаҳр шартнома дошта, онҳоро бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин мекардааст. Ҳоло ба гуфтаи Нематуллозода, дар ҳамаи ин муассисаҳо тафтишот идома дошта, алайҳи роҳбарону сармуҳосибони 6 марказии тиббии шаҳр парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Намояндаи Шуъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи чанд роҳбару сармуҳосиби марказҳои тиббии шарҳрро тасдиқ карда, вале бо сабаби идомаи тафтишот, ҷузъиёти бештар надод.
“Тендер нагузаштани корхонаро бояд сохтори молия назорат кунад. Ин корхона тендер нагузашта будааст, вале мо огоҳ набудем. Рӯзе, ки тафтишот оғоз шуд, 211 ҳазор сомонӣ зарари расидаро сармуҳосиб ва роҳбари корхона ба фоидаи буҷет барқарор карданд”,-гуфт Нематуллозода.
Сунатулло Нематуллозода мегӯяд, ҳоло ба ҳайси пизишки кӯдакон дар Маркази саломатии №2 дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад ва натиҷаи ҳукми додгоҳро мунтазир аст.
Бояд гуфт, ки фасодкорӣ ва қаллобӣ дар сохторҳои тандурустии Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда, қаблан низ борҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, чанде пеш Додгоҳи шаҳри Норак Сироҷиддин Боев ва Муҳиддин Ядгоров, сармуҳосиб ва мудири анбори Кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштии ин шаҳрро, ки ба тасарруфи беш аз 530 ҳазор сомонӣ пули буҷет гумонзад буданд, аз 45 то 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст.
Қаблан Оҷонсии зиддифасод хабар дод, ки Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷет гумонзад аст. Рӯзи 6-уми март Додгоҳи ноҳияи Варзоб, Сиддиқовро гунаҳкор дониста, ба 11 соли зиндон маҳкум кард.
Пештар, Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ ҳабс ва бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҳабс озод шуд.
Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод, соли гузашта 1 ҳазору 979 ҷинояти коррупсиониро нисбати 1 ҳазору 207 нафар ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи он 819 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1 ҳазору 59 тан оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст.




