Алӣ Султонтуӣ блогнавис ва ҷавоҳирсози шинохтаи Эрон аст, ки моҳи декабри соли гузашта бори дуюм ба Тоҷикистон омад. Расо як сол қабл ӯ нахустин бор меҳмони кишвари мо шуда буд. Ҳадаф аз ин сафарҳо шиносоии бештари тоҷикону Тоҷикистон ба мардуми Эрон будааст.
Ӯ дар саҳифаи инстаграми худ бо номи Ali Soltantoye зиёда аз 2,2 миллион пайгир дорад. Алӣ дар бораи таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон бо “Азия Плюс” суҳбат кард.
Чаро ӯ ба Тоҷикистон омад?
Алӣ блогнависи заргар аст, вале худро сафири фарҳанг ва сулҳ меномад. Дар саҳифаи ӯ муҳтаво дар бораи ҳувияти миллӣ фаровонанд. Ӯ мегӯяд, соле қабл тасмим гирифта буд, ҳар куҷое гурӯҳи зиёди ҳамзабонон бошад, сафар кунад. Аз ин рӯ ба Тоҷикистон омадааст.
“Қабл аз бори аввал вориди Тоҷикистон шуданам, дар бораи ин кишвари ҳамзабону фарҳанг зиёд мутолиа мекардам. Вале шунидан кай бувад монанди дидан?”, – мегӯяд ӯ.
Алӣ дар мавриди таассуроташ аз Тоҷикистон мегӯяд, ки тамошо аз “Кохи Наврӯз” ва Осорхонаи бостоншиносии миллӣ хотирмонтарин буд. Зеро ҳамчун меҳмони фахрӣ ворид шудан ба ин кох, ки он ҷо асосан сарони давлатҳо пазироӣ мешаванд ва дар осорхона дидани муҷассамаи таърихии “Буддои хобрафта” (асрҳои VI-VII), ки ягона дар Осиёи Миёна аст, ба ӯ ифтихор бахшидааст.
Инчунин ӯ гуфт, ба ҳар касе Тоҷикистон меояд, тавсия медиҳад, ки нахуст аз Душанбе дидан кунад, зиёрати муҷассамаи Куруши Кабиру Шоҳ Исмоили Сомонӣ кунад ва баъд аз он ба Панҷакент барои зиёрати мақбараи Рӯдакӣ равад.

“Ҳадафам аз ин сафарҳо таблиғи пулакӣ нест, балки бештар шиносонидани Тоҷикистон ба дигар ҳамзабонон аст. Тамоми талошҳоям шояд сабаб шавад, ки тавонам мардумро бедору ёдоварӣ кунам, ки мо форсзабонон як халқи чанд кишварем” – таъкид кард ӯ.
Ӯ дар наворҳояш чанде аз маконҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла Кӯли Кабуд, Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллӣ, бозори “Меҳргон”, мақбараи Рӯдакӣ ва бозиҳои миллию меҳмоннавозии мардуми деҳаҳои дурдастро муаррифӣ кардааст.
Тафовутҳои фарҳангӣ
Алӣ таъкид мекунад, ки ҳанӯз гурӯҳе аз эрониён вақте номи Тоҷикистонро мешунаванд, шинохти комил надоранд. Сабаби ин шояд дар расонаҳои Эрон камтар таблиғ шудани ин кишвар бошад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар чизе ки байни Тоҷикистону Эрон тафовут дорад, баъди кашида шудани марзҳо миёни кишварҳо эҷод шудаанд.
“Номи меваю ҳайвонот, мисли анору себу кабутару хурӯс аз давраҳои қадим дар луғати муштараки форсу тоҷик буд ва ҳанӯз дар истифода аст. Вале ашёе, ки дар ин қарн вориди ин ду кишвари ҳамзабон шуд, ному тарзи истифодаи фарқкунанда дорад”, – мегӯяд ин блогнавис.
Алӣ бо киноя ба ҷавонону духтарони тарки кишваркардаи Эрон мегӯяд, ки гурӯҳе аз онҳо мағзи холӣ доранд, вале бо ороиши мӯю либосҳои нимбараҳна мехоҳанд миёни ҷомеа мавқеъ пайдо кунанд. Нафаре, ки худ деҳотӣ, вале донишманд бошад, имтиёзаш барои дарёфти эътибори ҷомеа бештар аст.
Аз ин рӯ дидани мактабҳои бузургу муҷаҳҳаз дар деҳоти Тоҷикистон ӯро хушҳол кардааст. Дар яке аз наворҳояш низ ҳайраташро аз ин қабил муассиса ошкор мекунад.
“Деҳаҳо нисбат ба шаҳрҳо минтақаи маҳрумтаранд. Деҳотиёни тоҷик хушбахтанд, ки имконияти таҳсил дар биноҳои муосирро доранд”, – гуфт Алӣ.
Алӣ пешниҳод мекунад, рӯзноманигорону блогнависони тоҷик муҳтавои худро бо ҳуруфи форсӣ низ нависанд, то мардуми Эрону Афғонистон имкони хондани хабарҳои Тоҷикистонро пайдо кунанд.
Алӣ боз яке аз тафоввути байни ҳамзабононро аз ангуштарӣ накардани мардони тоҷик мебинад. Ба гуфтаи ӯ, дар Эрон қариб ҳамаи мардон дар даст ангуштарӣ доранд, зеро аз рӯйи ривоятҳо сангҳо хосияти нек доранд ва дар ангушт кардани онҳо нерӯ мебахшад.

Давраи омӯзиши заргарӣ
Ба андешаи Алӣ, дар Тоҷикистон нисбати заргарӣ таваҷҷуҳ кам аст ва дар баробари ҷавоҳирсозони эронию афғонистонӣ миёни тоҷикон намояндагони зиёди ин соҳаро надидааст. Ӯ мегӯяд, мехоҳад, ки ин соҳа дар кишвари мо ривоҷ пайдо кунад.
Алӣ омода будааст, барои ҷавонони тоҷик, ки ҳавас ба омӯзиши заргарӣ доранд, бо ҷамъи ҳамкоронаш ба Тоҷикистон омада, давраи таълимии ройгон ба роҳ монад.
“Ман намегӯям, ки онҳо ба ман шогирд шаванд ё ҳамкори тиҷоратӣ. Дар кӯдакӣ канори хиёбонҳо дастфурӯшӣ мекардам ва зиндагиам пурчолиш буд. Аммо бо талошҳо худро сохтам. Аз ин рӯ, хайрхоҳи ҷавононе ҳастам, ки ба ҷавоҳирсозӣ алоқаманданд”, – мегӯяд ин заргари эронӣ.
Ӯ танҳо даъвати расмии идораҳои масъули давлатиро интизор аст. Алӣ омода аст, дар баробари қабул шудани ин пешниҳодаш ба ҷавонони завқманди заргарӣ “лаббайк” гӯяд.
Дар ин баробар Алӣ орзу дорад, ки лаълу лоҷуварди Бадахшонро маҳз дар оғӯши конҳои Помир бинад. Ӯ нақша дорад, ки ин дафъа сафар ба Бадахшон кунад.
“Ҳамеша гумон доштам, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон зумрад ҳаст, аммо ҳанӯз кашф нашудааст. Дӯстони мутахассисам низ мегӯянд, ки имкони пайдо кардани зумрад нест. Вале ман бовар дорам, ки бояд бошад, чунки кӯҳҳои Бадахшон пурғановат ва ҳанӯз пурра тадқиқ нашудааст”, – гуфт ӯ бо боварӣ.




