Мавсими ҳаҷҷи фарзии соли 2026 ҳам фаро расид ва то таҷлили иди Қурбон, ки рӯзи асосии маносики рукни панҷуми ислом аст, як моҳ камтар мондааст. Тавре муфтии Тоҷикистон мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд, 27-уми май иди азҳо аст ва аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик рӯзи 6-уми май озими шаҳрҳои муқаддас мешаванд.
Аммо Арабистони Саудӣ мавсими ҳаҷҷи имсоларо бо сахттарин низоми назорат дар таърихи худ баргузор мекунад. Пас аз он ки соли 2024 беш аз 1 300 нафар, аксаран ҳоҷиёни беиҷоза, аз гармои беш аз 50 дараҷаи ҳаво ҷон бохтанд, мақомот маҳдудиятҳо, ҷаримаҳо ва назорати технологиро чандин маротиба сахттар кардааст.
Мо дар ин матлаб ҳамаи маҳдудиятҳои ҷориро, ки зоирони тоҷик бояд донанд, гирд овардем.
Бахши якум: ҳуҷҷатҳое, ки зоир бояд дошта бошад
– Кадом ҳуҷҷатҳо барои зоир ҳатмианд?
– Гузарнома. Гузарнома бояд ҳадди ақал шаш моҳ пас аз рӯзи баргашт эътибор дошта бошад. Агар ин шарт иҷро нашавад, раводид дода намешавад. Ҳамаи маълумоти гузарнома – ном, рӯзи таваллуд, рақами гузарнома бояд бо ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳо пурра мувофиқат кунад. Як тафовут сабаби рад шудани раводид мешавад.
Раводиди ҳаҷ. Танҳо раводиди махсуси ҳаҷ барои адои маносик қабул мешавад. Раводиди сайёҳӣ, умра ва тиҷоратӣ барои ҳаҷ манъ аст. Ҳатто агар шумо дар худи Арабистони Саудӣ қарор дошта бошед. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводид тавассути Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим таҳия мешавад.
Корти “Нусук” – талаботи ҳатмӣ. Корти “Нусук” ягона ҳуҷҷатест, ки дар дохили Арабистони Саудӣ ҳувияти зоир ва иҷозати қонунии ӯро барои адои ҳаҷ тасдиқ мекунад. Зоир бояд онро аз лаҳзаи расидан то рафтан ҳамеша ҳамроҳ дошта бошад. Зоироне, ки корти “Нусук” надоранд, метавонанд ҷарима ва аз хидматрасонӣ маҳрум шаванд ё аз тарафи мақомоти Арабистони Саудӣ боздошт шаванд. Ин корт маълумоти шахсӣ, тиббӣ ва нишонии манзили зоирро дар бар мегирад ва барои ворид шудан ба нақлиёт, ёфтани гурӯҳ дар ҷойҳои серодам ва баҳрабарӣ аз дигар хидматҳо лозим аст.
Шаҳодатномаи моякӯбӣ (корти зард). Доштани шаҳодатномаи моякӯбии менингити чорвалентии ACYW барои ҳамаи зоирон, аз синни яксола ба боло ҳатмист. Ҳадди ақал 10 рӯз пеш аз расидан ба Арабистони Саудӣ аз моякӯбӣ бояд гузашт. Шаҳодатнома бояд ба барномаи “Нусук” боргузорӣ шуда ва дар шакли коғазӣ ҳам ҳамроҳи зоир бошад. Зоироне, ки ин шаҳодатномаро надоранд, ба Арабистони Саудӣ иҷозаи вуруд надоранд.
Шаҳодатномаи саломатӣ. Эъломияи саломатӣ аз муассисаи тиббӣ ҳатмист. Ин ҳуҷҷат собит мекунад, ки зоир аз бемориҳои манъкардашуда орӣ аст ва тавони то 25 километр дар рӯз пиёда рафтанро дорад. Ин ҳуҷҷат бояд аз муассисаи муайянкардаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гирифта шавад.
Барномаи “Нусук” дар телефон. Танҳо одамоне, ки барномаи “Нусук” насб кардаанд, метавонанд иҷозатномаи вуруд ба Масҷидулҳаромро гиранд. Бидуни ин барнома дастрасӣ ба бисёр хидматҳо, аз ҷумла зиёрати Равзаи Набавӣ, савор шудан ба автобус ва дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ дастрас нест.
Чиптаи рафту баргашт. Чипта бояд рӯзи дақиқи баргаштро нишон диҳад. Ҳоҷиён пас аз иҷрои маносик ё зиёрати Мадина ва Ҷидда муваззафанд, ки Арабистонро тарк кунанд. Барои барвақт баргаштан дар ҳолати фавқулода бояд аз Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ иҷоза гирифта шавад.

Бахши дуввум: маҳдудиятҳои вуруд ба Макка
– Аз кай дарҳои Макка барои ҳама баста шуд ва киҳо метавонанд ба ин шаҳри муқаддас ворид шаванд?
– Аз 13-уми апрели соли равон вуруд ба шаҳри Макка танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи махсус имконпазир аст. Фақат соҳибони ҳуҷҷатҳои расмии истиқомат дар Макка, дорандагони иҷозатномаи расмии ҳаҷ ва кормандоне, ки иҷозатномаи кории электронии тавассути низомҳои “Тасриҳ”, “Абшар Афрод” ва “Бавобаи Муқим” додашуда доранд, вориди шаҳр шуда метавонанд.
– Аз 18-уми апрел вазъ боз ҳам сахттар шуд?
– Бале. Аз 18-уми апрел маҳдудиятҳо боз ҳам шадидтар шуда, вуруд ва иқомат дар Макка барои ҳамаи дорандагони ҳар гуна раводид, ба ғайр аз раводиди ҳаҷ, комилан манъ шуд. Ин маънии онро дорад, ки ҳатто касе, ки бо раводиди сайёҳӣ дар Арабистони Саудӣ аст, наметавонад вориди Макка шавад.
– Зоирони умра куҷо рафтанд?
– Зоироне, ки бо раводиди умра аллакай дар шаҳр буданд, муваззаф шуданд, ки Маккаро тарк кунанд. Дар ин давра – аз 18-уми апрел то 31-уми май додани иҷозатномаҳо барои адои умра ҳам муваққатан қатъ карда шудааст.
– Оё бо мошини шахсӣ ба ҷойҳои муқаддас рафтан мумкин аст?
– Маҳдудиятҳои ҷиддӣ нисбат ба мошинҳои шахсӣ дар давраи ҳаҷ вуҷуд дорад. Аз зоирон хоҳиш карда мешавад, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ, ба мисли таксӣ, автобус ва роҳи оҳани байни ду шаҳри муқаддас истифода баранд.

Бахши севвум: маҳдудиятҳои тиббӣ ва синнусолӣ
– Кӣ ҳуқуқи ба ҳаҷ рафтан надорад?
– Барои зоироне, ки бемориҳои зеринро доранд, адои ҳаҷ иҷоза дода намешавад:
Норасоии шадиди гурда, яъне касе ки ба гемодиализ ниёз дорад, наметавонад ба ҳаҷ равад, зеро шароит барои табобати он дар ҷойҳои муқаддас мавҷуд нест. Бемориҳои шадиди дил ва гурда зоиронро дар гармои шадид ва масофаҳои дурударози пиёдагардии ҳаҷ ба хатари ҷиддӣ мерасонанд.
Бемориҳои музмини шуш, ки ниёз ба оксигени доимӣ доранд, инчунин сиррози ҷигар дар марҳилаи пешрафта аз ҷумлаи бемориҳои манъкардашуда мебошанд.
Бемориҳои вазнини асаб ва равонӣ, ба монанди паркинсон, алсгаймер ва ихтилолҳои шадиди рӯҳӣ зоиронро аз иҷрои мустақилонаи маносик ё ҳаракат дар ҷойҳои пурҷамъият маҳрум мекунанд.
Сирояти сил дар давраи фаъол ё ҳомиладории пурхатар низ сабаби манъи ҳаҷ аст. Занони ҳомила дар ду моҳи охири ҳомиладорӣ, ба ҳаҷ иҷозат дода намешаванд.

– Оё маҳдудияти синну сол вуҷуд дорад?
– Тибқи талаботи ислом, зоирон бояд ҳадди ақал 12-сола бошанд, яъне ба балоғат расида бошанд. Барои касоне, ки шасту панҷ сол ва болотар доранд, ҳамроҳии як каси дигар ҳам тавсия дода мешавад. Ҳадди аксари синну сол расман муқаррар нашудааст, аммо санҷиши тиббии иловагӣ лозим аст.
Аммо талаботи Тоҷикистон дигар аст ва синну сол дар кишвари мо аҳамият дорад. Мувофиқи Қарори ҳукумати ҶТ “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра”, синни шаҳрванд бояд аз 40 сол боло бошад. Талаботи мазкур ба гурӯҳи корӣ – ҳайати табибон, роҳбаладон татбиқ намегардад. Ҳамчунин, ин талабот танҳо барои сафари ҳаҷ аст. Ба умра шаҳрвандон дар ҳар синну сол рафта метавонанд, зеро барои он маҳдудияти синнусолӣ вуҷуд надорад.
Бахши чорум: ба Ҳаҷ бурдани чӣ чизҳо манъ аст?
– Кадом ашёро ба Арабистони Саудӣ бурдан комилан манъ аст?
– Тибқи қонунҳои Арабистони Саудӣ, дар бастаи сафарии зоирон мавҷудияти ин ашё комилан манъ аст:
- Силоҳ ва дигар ашёи буранда;
- Маводи мухаддир;
- Машруботи олкоголӣ;
- Тамоку ва маҳсулоти он дар ҳар шакл;
- Моҳии хушккарда, хӯроки пухта, ҳар чизи зуд вайроншаванда;
- Доруҳои нашъадор бидуни нусхаи дорухати духтур;
- Асбоби қимор.

Ҳамроҳ бурдани дастгоҳҳои садо ва таҷҳизоти электронии ғайризарурӣ ҳам, ки осоиши дигар зоиронро халалдор мекунад, манъ аст.
Агар ин ашё дар борхалтаи зоир пайдо шавад, мувофиқи қонунҳои Арабистони Саудӣ, ҷазо дода мешавад ва ҳатто метавонад боиси пурра манъ шудан аз адои ҳаҷ шавад.
– Кадом ашёро дар ҳолати эҳром истифода бурдан манъ аст?
– Вақте зоир эҳром мебандад, яъне либоси эҳром мепӯшад, маҳдудиятҳои иловагие пайдо мешаванд, ки иҷрои онҳо барои дурустии адои ҳаҷ зарур аст.
Буридани мӯй ё нохун ва ҳар гуна усули рафъи мӯй дар ҳолати Эҳром комилан манъ аст. Истифодаи атру хушбӯйӣ, ҳатто ба шакли собун ё “шампун”-и хушбӯй, манъ аст. Муносибатҳои ҷинсӣ, шикори ҳайвонот, буридани дарахтони дар ҳудуди ҳарам рӯянда ва мубоҳисаву ҷанҷол низ дар ин давра манъ мебошанд.
Ин талаботи дини Ислом аст, на Арабистони Саудӣ.
– Аксгирӣ ва наворбардорӣ манъ аст?
– Аксгирӣ ё наворбардорӣ аз худ ва ҳамроҳону пайвандон иҷозат дода шудааст. Аммо гирифтани акс ё навори дигар одамоне, ки намоз мехонанд, ҳамчунин бе иҷозати онҳо, манъ аст. Агар ин қоида вайрон шавад, дастгоҳи шуморо мусодира мекунанд ва ҳатто метавонанд ҷарима ҳам банданд.

Бахши панҷум: маҳдудиятҳои рафтор дар ҷойҳои муқаддас
– Дар Масҷидулҳаром ва дигар ҷойҳои муқаддас кадом рафторҳо манъ аст?
– Кашидани силоҳ, тамокукашӣ, гадоӣ, савдо ва монеъ шудан ба роҳгузарон қатъиян манъ аст. Аз зоирон хоҳиш карда мешавад, ки ҳар гуна фаъолияти ғайри маносики ҳаҷро ба мақомот гузориш диҳанд.
Фаъолиятҳои сиёсӣ ва эътирозҳо дар ҳудуди ҷойҳои муқаддас низ қатъиян манъ аст. Ин маънии онро дорад, ки дар давраи ҳаҷ ҳар гуна ҷамъомади сиёсӣ, доштани шиор ё нишонаҳои сиёсӣ ва баргузор кардани тазоҳурот тамоман иҷозат дода намешавад.

Ғайримусалмонон ҳуқуқи вуруд ба Макка ва атрофи Масҷидулҳаромро надоранд. Қисматҳое аз Мадина ба рӯйи ҳама бозанд, аммо Масҷиди Набавӣ ва атрофи он ҳам танҳо барои вуруди мусалмонон иҷоза аст.
Бахши шашум: ҷарима ва ҷазоҳо
– Агар зоир бе иҷозатнома биёяд, чӣ ҷазо мегирад?
– Мақомоти Арабистони Саудӣ барои вайронкунандагони талабот ҷаримаҳои сангин пешбинӣ кардаанд. Шахсе, ки бе иҷозатнома вориди шаҳр мешавад, то 20 ҳазор риёли саудӣ, тақрибан 5 ҳазору 50 доллар, ҷарима мешавад.
– Кӯмак кардан ба зоири беиҷоза чӣ оқибат дорад?
– Барои интиқоли ғайриқонунӣ, паноҳ додан ё кӯмак ба зоирони беиҷозат дар ин давра то 100 ҳазор риёли саудӣ, тақрибан 26 ҳазору 500 доллар, ҷарима муқаррар шудааст. Ин ҷарима барои соҳибони хонаҳо ва ҳуҷраҳое, ки зоирони беиҷозаро ҷой медиҳанд, барои ронандагоне, ки онҳоро мебаранд ва барои миёнаравоне, ки бо раводиди сохта ё ғайриқонунӣ зоиронро ба ҳаҷ мефиристанд, дахл дорад.
– Ба ғайр аз ҷарима, кадом ҷазоҳои дигар пешбинӣ шудаанд?
– Вайронкунандагони талабот аз кишвар ихроҷ шуда, ба муҳлати 10 сол аз ҳуқуқи вуруд ба Арабистони Саудӣ маҳрум мешаванд ва воситаҳои нақлиёти онҳо (агар дошта бошанд), мусодира мешавад. Илова бар ин, тибқи тартиби нав, ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ба муддати 6 моҳ ҳабс ҳам таҳдид мекунад.

Бахши ҳафтум: огоҳӣ барои зоирони тоҷик
– Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ба зоирони тоҷик чӣ ҳушдор додааст?
– Кумитаи дин чанде пеш хабар дод, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафтанд, аммо бо сабаби тақаллубӣ (сохта) будани ҳуҷҷатҳояшон саргардон шуда, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон хостаанд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд. То кунун тақдири онҳо норӯшан аст.
Ин Кумита аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки танҳо тавассути роҳҳои расмӣ ба ҳаҷ раванд.
– Барои маълумоти муфассал ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Сомонаи расмӣ: www.hajj.nusuk.sa
Рақам барои тамос: +966 920002814 (Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ)
Телефони боварӣ дар минтақаи Макка: 911.
Телефони боварии Кумитаи дини Тоҷикистон: 221 83 58.
Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт? Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ – ҳамаи ин равандро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.



