Игор Ангеловски сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд

Ӯ кист?

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Игор Ангеловски, мутахассиси 49-сола аз Мақдуния (Македония)-и Шимолӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар иттилоъ дода, гуфтааст, ӯ дастаро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.

Ангеловски пештар дастаи мунтахаби Мақдунияи Шимолиро роҳбарӣ карда, ин тимро дар соли 2020 бори аввал ба мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо баровардааст: дастаи ӯ ҳамаи 3 бозиро бо таносуби тӯбҳои 2:8 бохт.

Дар сатҳи дастаӣ, ин мураббӣ ҳамроҳ бо “Работнички” дар мавсими 2013/14 қаҳрамони Мақдунияи Шимолӣ шуда, ду маротиба Ҷоми ин кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин, дар дастаҳои “Горитса”-и Крувосӣ (Хорватия), “Каспий”-и Қазоқистон ва “Этникос Ахнас”-и Қибрис (Кипр) кор кардааст.

Игор Ангеловски. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳарчанд тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович, сармуррабии пешин, ба даври финалии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт, вале муҳлати қарордод бо ӯ дигар тамдид нашуд. Қарордод бо мутахассиси Сербистон маҳз то охири марҳилаи интихобӣ пешбинӣ шуда буд.

Федератсияи футбол сабаби тарки даста кардани Стевановичро анҷоми муҳлати шартномаи ӯ гуфт. Худи мураббӣ гуфт, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи тамдиди шартнома ба мувофиқа нарасидааст. Тибқи иттилои тасдиқнашуда, маоши моҳонаи Стеванович ҳудуди 20 ҳазор доллар буд.

Таҳти роҳбарии ӯ даста чор бозӣ анҷом дод, ки дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Бо ин натиҷа даста соли оянда ба Ҷоми Осиё -2027 меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.