Аз шикасти Олмони фашистӣ ва пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанге, ки қариб чаҳор сол давом карду ҷони миллионҳо нафарро бурд, 81 сол пур шуд. Аз миллионҳо иштирокдори ин ҷанг, ҳоло чанд нафари башумор зинда боқӣ мондаанд. Тоҷикистон барои ин ҷанг ҳудуди 300 ҳазор сокини аслан ҷавонашро фиристода буд ва аз ин теъдод танҳо камтар аз 200 ҳазор зинда баргаштанд ва бештар аз 100 ҳазор кушта шуданд. Аз саломат баргаштаҳо ҳам теъдоди назаррасе маҷруҳ ё маъюб шуданд.
Дар 81-уми солгарди ҷашни пирӯзӣ бар фашизм дар Тоҷикистон танҳо 9 иштирокчии он зиндагӣ доранд, ки 2 нафари онҳо аз як ноҳияи вилояти Суғд – Деаваштич ҳастанд. Аввали 1471 сомонӣ ва дуввумӣ 1925 сомонӣ нафақа мегиранд. Имсол раисҷумҳури Тоҷикистон ба онҳо 50 ҳазор сомонӣ дод. Ҳамчунин, раисони вилояту ноҳия низ кумакпулӣ доданд.
Мо ба дидори ин ду қаҳрамони ҷанг рафтем. Қиссаҳои зиндагии ин ду собиқадор ва пирӯзи ҷанг ҷолиб аст. Аммо мутаассифона, бо сабаби пирӣ, онҳо наметавонанд барои муддати дароз ва батафсил ҳаводиси аз сар гузаронидаашонро нақл кунанд. Аз ин лиҳоз, мо бо пайвандони онҳо низ суҳбат кардем, то аз саргузашту ҳоли имрӯзи онҳо хабардор шавем.

“Се бор тир хурдам, 15 шабонурӯз дар руйи ях гурусна ҷангидам”
Нозим Носиров сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни боло мебошад. Ӯ дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш давлати пирӣ меронад.
“Соли 1943 бо даъвати дафтари ҳарбии ноҳияи Шаҳристон ба ҷанг рафтам. Он замон ҳанӯз 18-сола набудам, аммо 18-сола гуфтанду бурданд. Аз деҳа 6 ҷавон ба ҷанг рафтем. Танҳо ман зинда баргаштам”, – ба хотир овард ӯ ва барои як муддати дароз сукут кард.
Шералӣ Носиров, писари Нозим Носиров гуфт, вақте он солҳоро ба ёд меорад, маҳзун мешавад.
Баъди як мудддат, Нозим Носиров ба қиссааш давом дод: “Се сол дар майдони ҷанг будам, барои ватан ҷангидам. Рӯзҳои сахту мудҳиш буданд. Сахт азоб кашидам, ташнаву гурусна мондам, нахобидам…”
Ӯ гуфт, се бор захмӣ шудаву табобат гирифтааст ва боз ба майдони ҷанг баргашта, то охирин рӯзҳои ҷанг дар набард будааст ва то Олмон рафтааст.

Нозим Носиров бо ифтихор аз пирӯзӣ ёд овард ва таъкид кард, ки “баъзан 15 шабонурӯз дар болои ях ҷангидем, дар болои як хобидем, то пирӯз шавем”.
Ӯ се сол дар майдони ҷанг мубориза бурда, соли 1946 ба зодгоҳаш баргаштааст. Оиладор ва соҳиби 11 фарзанд ва беш аз 80 набераю абера шудааст.
Шералӣ Носиров гуфт, имсол модараш даргузашт ва ин барои ҳамаи онҳо, аз ҷумла падари қаҳрамонаш, мусибати сахте буд.
“Падарам рӯзҳои вазнинро дидааст ва ҳоло он ҳама дидаву аз сараш гузаштаҳо бар рӯҳияаш ҳам таъсир кардааст. Баъзан ҷаҳл мекунад, баъзан қаҳр мекунад. Модарам ӯро беҳтар аз ҳама мефаҳмид”, – мегӯяд Шералӣ Носиров.
“Аз як деҳа 16 ҷавон ба ҷанг рафтему 4 кас зинда омадем”
Бибола Рӯзиматов аз деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Ғазантарак аст. Ӯ гуфт, аз деҳааш 16 ҷавон ҷанг рафтаву танҳо 4 тан зинда баргаштаанд. Худи ӯ соли 1943 ба ҷанг рафтааст.
Рӯзиматов аз дасташ захмӣ шудаву то ҳол осори тир дар ҷисмаш ҳаст. Ӯ дар озод кардани Украина ва як қатор кишвару шаҳрҳои Аврупо саҳм гузоштааст. Рӯзи пирӯзиро дар Олмон истиқбол гирифта, боз дар ҷанг алайҳи Ҷопон низ иштирок кардааст ва танҳо соли 1947 ба зодгоҳ баргаштааст.
Пас аз бозгашт аз ҷанг, ӯ барои муддати дароз дар колхоз кор кардааст. Барои ӯ ҳам ба ёд овардани рӯзҳои ҷанг душвор аст ва шояд аз ин сабаб аст, ки пайваста таъкид мекунад: “Рӯзҳое, ки мо дидем, душман набинад”.

Ба нақли пайвандонаш, 15 сол пеш ҳамсари Рӯзиматов вафот карда, ӯро фарзандону набераҳову абераҳо бо ифтихор нигоҳубин мекунанд.
Сурайё Турсунова, келини хонадони ӯ гуфт, барои дидорбинӣ бо бобояшон намондагони мақомоти маҳалливу одамони деҳа меоянд, ки ин барои онҳо боиси ифтихор аст.
“Ҳоло як фарзандам дар артиш хидмат мекунад. Ӯро ихтиёрӣ фиристодам, то мисли бобояш қаҳрамони ватан шавад. Ҳамаи фарзандони набераҳои бобо мисли ӯ ба ватан хидмат кардаву мекунанд”, – гуфт Сурайё Турсунова.
Бибола Рӯзиматов барои хидмат ба ватан ва иштирок дар ҷангу саҳмгузорӣ дар пирӯзӣ бо чандин ордену медал сарфароз шудааст.
Бояд гуфт, ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар вилояти Суғд, дар умум аз ин вилоят 76 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, 28 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҷон бохтаанд.
Ҳоло дар ин вилоят бар иловаи ду иштирокчии ҷанг, ҳамчунин 51 нафаре, ки дар ақибгоҳ хидмат кардаанд, зиндагӣ мекунанд.





