Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии “Шабе дар Осорхона” баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи расмӣ аз соати 17:40 то 18:00 дар саҳни даромадгоҳи бино мегузарад.

Вуруд дар ин рӯз ба Осорхона озод аст. Дар доираи он, шоми мусиқии сарояндагон, иҷрои саҳнаҳои театрӣ, маҳфилҳои фарҳанг ва адабӣ-бадеӣ, намоиши дастовардҳои бостоншиносиву илмӣ ва ширкатҳои сайёҳии кишвар, дарсҳои эҷодиву маҳорат ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.

Бо барномаи пурраи чорабиниҳо дар акси зер шинос шавед.

– Имрӯз дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мешавад ва то 21-уми май идома мекунад. Ифтитоҳи барномаҳои фарҳангӣ имрӯз дар назар буда, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии ба номи А. Осмонови ин кишвар ҳамоиши илмӣ-адабӣ бо унвони “Турсунзода ва Айтматов: вассофони сулҳу дӯстӣ” баргузор мешавад.

Дар доираи ин рӯзҳо барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик ва гурӯҳҳои мусиқиву рақсии Тоҷикистон, намоиши асарҳои рассомони тоҷик ва ҳамоиши адабии олимони ду кишвар дар назар аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2009 – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тасдиқ кард, ки мувофиқи он нигоҳдории чорвои майдаву калон ва парандаи хонагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шуд.

Соли 2016 – Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи молиявии “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳифзи манфиатҳои пасандозгузорон ва қарздиҳандагон маъмурияти муваққатӣ таъин кард.  Ин маъмурият барои се моҳ таъин шуда, баъдан муҳлати он тамдид гардид. Аммо амонатгузорони ин бонк то ҳол пули худро пурра нагирифтаанд.

Соли 2017 – Ҳукумати Тоҷикистон рақами ягонаи хидмати наҷот – 112-ро тасдиқ намуд.  Ин рақам ҷойгузини рақами қаблии 111 гардид, ки ба сабаби ворид шудани зангҳои беасос самаранок набуд. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1048 – Мавлуди Умари Хайём, шоири форс-тоҷик, файласуф ва риёзидон.

 

Умари Хайём шоир, файласуф, риёзидон, табиб ва мунаҷҷим буд, ки осораш то имрӯз арзиши илмию адабии воло доранд. Бо вуҷуди он ки Хайём дар давраи зиндагияш бештар ҳамчун олим шинохта мешуд, имрӯз вай дар ҷаҳон пеш аз ҳама бо рубоиёташ маъруф аст. Шеъри Хайём бо андешаи фалсафӣ, ифодаи шубҳа дар муқобили тақдир, маърифати зиндагӣ, баҳри лаззати фурсат ва маҳкум кардани риёву зоҳирпарастӣ шинохта мешавад.

Ҳамчунин Умари Хайём дар заминаи математика корҳои пурарзиш анҷом додааст, аз ҷумла дар таҳияи назарияи муъодилаҳои дараҷаи сеюм ва омӯзиши амиқи геометрияи Евклидӣ. Китоби маъруфи ӯ “Рисолаи алҷабр ва алмуқобала” дар илми алгебра ҷойгоҳи вижа дорад ва то дергоҳ ҳамчун манбаи дарсӣ дар мадрасаҳои шарқ истифода мешуд.

Инчунин бо роҳбарии ӯ соли 1079 тақвими нави офтобӣ – тақвими Ҷалолӣ таҳия шуд, ки дақиқтар аз тақвими григорианӣ ҳисобида мешавад. Ин тақвим дар давраи султон Маликшоҳи Салҷуқӣ истифода мешуд.

Соли 1918 – Мавлуди Моҳҷон Назардодова, овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1937 – Зодрӯзи Музаффар Махсумов, ахтаршинос, доктори илмҳои физикаву математика, фарзанди Нусратулло Махсум.

 

Музаффар Махсумов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси “астрофизика” аст. Ӯ солҳои зиёд дар гурӯҳи “Сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо” фаъолият бурда, чанд муддат роҳбари он буд. Баъдан дар Институти астрофизика ва Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯро динамикаи системаи ситораҳо, физикаи галактикаҳо (масъалаҳои устуворӣ ва эволютсияи галактикаҳо) фаро мегирад.

Соли 1938 – Мавлуди Ҳамроқул Шодиқулов, мунаққид, адабиётшинос, тарҷумони тоҷик.

Соли 1949 – Зодрӯзи Насриддин Садриддинов, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Соли 1954 – Мавлуди Шариф Ҳамдамов, муассис ва роҳбари гурӯҳи расонаҳои “Оила”.

Соли 1972 – Зодрӯзи Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Соли 2018 – Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Муъмин Қаноат факултаи  филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияташро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” оғоз кардааст. Соли 1968 ӯ муовини аввали раис ва аз 1976 то 1991 котиби якуми Садорати  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва роҳбари Пажўҳишгоҳи  осори хаттии Академияи  илмҳои Тоҷикистон буд. Тайи  солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Абӯабдулло Рўдакӣ  буд. Муъмин Қаноат чандин  маротиба вакили  мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Маҷмӯаи  нахустини ашъори ӯ бо номи “Шарора” ва дуюмаш “Ситораҳои замин” ба табъ расидаанд. Минбаъд  ӯ  ба жанри достон  рӯ оварда, достонҳои  “Мавҷҳои  Днепр”, “Достони оташ”, “Суруши Сталинград”, “Тоҷикистон исми ман”, “Гавҳари Сино”, “Падар”, “Ситораи Исмат” “Ҳамосаи дод” ва “Масъуднома” маҳсули эҷоди ин адиби суханпардоз аст.

Мӯъмин Қаноат 18-уми майи соли 2018 дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 2024 – Раҳматилло Зойиров, сиёсатмадори тоҷик, ҳуқуқшинос, асосгузор ва Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Раҳматилло Зойиров яке аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик аст, ки дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар ин бахш тавонист ҳамчун як сиёсатмадори матраҳ худро муаррифӣ кунад.

Солҳои 1986-1993 устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1989 кори вакили мудофеъро оғоз кард ва аз нахустин касоне ҳисоб мешавад, ки дар Тоҷикистон созмони ғайриҳукуматӣ таъсис додааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст. Солҳои 2001‑2003 дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст.

Моҳи марти соли 2003 зидди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон садо баланд кард ва чун садояш шунида нашуд аз мақомаш истеъфо дод. Баъди истеъфо ҲСДТ-ро таъсис дод. Дар чандин интихоботи парлумонӣ бо ҳизби худ ширкат карду ноком гардид. Дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард.

Ахиран аз роҳбарии ҳизб ҳам истеъфо дод ва эълон кард, ки аз майдони сиёсӣ канор меравад. Раҳматилло Зоиров 18‑уми майи соли гузашта дар синни 67‑солагӣ, бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.

Дар робита ба шахсияту корномаи ин сиёсатмадор дар ин мавод хонед: Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 18 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил мегардад. Ин рӯз соли 1977 ба тақвим ворид шудааст, вақте ки Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) қарор дар бораи таъсиси чунин рӯзро қабул кард. Ҳадафи аслӣ аз таҷлили он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба нақши муҳим ва муассири осорхонаҳо дар ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.

 

Осорхонаҳо ҳамчун ниҳоди илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ на танҳо ба ҷамъоварӣ, ҳифз ва омӯзиши ёдгориҳои моддӣ ва маънавии таърих машғуланд, балки дар раванди тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва фарҳангии мардум низ нақши калон мебозанд.

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии қурбониёни БПНМ – Бемории пазируфтаи норасоии масуният (СПИД) таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз ба 19 май рост меояд. Ин рӯз аз соли 1983 инҷониб ҳар сол ҷиҳати гиромидошти хотираи нафарони дар натиҷаи бемории СПИД фавтида ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ВИЧ/СПИД дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.

 

18 май ҳамчунин боз як ҷашни ғайрирасмӣ – Рӯзи Пантери гулобӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн аз ҷониби гурӯҳҳои ҳунармандон, мусиқинавозон, ошпазон ва намояндагони соҳаҳои эҷодӣ таъсис дода шудааст.

Пантери гулобӣ як қаҳрамони маъруфи филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ буда, рамзи андешаи ғайримаъмулӣ, зиракӣ ва хушҳолӣ аст. Таъсиси ин рӯз бо хислатҳои хоси ин қаҳрамон – қобилияти “ранг кардани ҷаҳон” ба гулобӣ, яъне табдили дунё бо тафаккури эҷодӣ ва рӯҳияи мусбат рабт дода шудааст.

 

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, хокбориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 33+38º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 23+28º гарм, дар водиҳо шабона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 30+35º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 25+30º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 33+35º гарм, шабона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 19+21º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, хокбориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 36+38º гарм, шабона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 10+12º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.