Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

asia+

Соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 2,4 миллиард долларро ташкил додааст. Се моҳи соли 2026 бошад ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст. 

Ин нукта рӯзи 15-уми май дар мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Қозон садо дод. Дар он Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Марат Хуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия иштирок доштанд.

Дар мулоқот, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энерҷӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг баррасӣ шудааст.

Ҳайати Тоҷикистон, Акс аз "Ховар"

Ҷонибҳо гуфтаанд, нақшаи амал барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат барои солҳои 2025-2030 босамар татбиқ хоҳад шуд.

Ҳамчунин Тоҷикистону Русия омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ ва истифодаи дурусти имкону захираҳои мавҷуда таъкид кардаанд.

Низоми бераводид бо беш аз 100 кишвар

Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ – “Русия – ҷаҳони ислом: Қазонфорум” сайёҳиро яке аз самтҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон ном бурдааст.

Ба қавли ӯ, давоми соли 2025 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 20% афзудааст.

Қоҳир Расулҳода дар ҳамоиши иқтисодӣ, Акс аз "Ховар"

Ӯ Русияро шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон номида, рушди ҳамкориҳоро таъкид намудааст.

Сарвазири кишвар ҳамчунин гуфтааст, “афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон то охири соли 2025 дар сатҳи бештар аз 8 фоиз нигоҳ дошта шуд”.

“Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, Тоҷикистон истиқлолияти энергетикии худро ба таври назаррас тақвият дода, суръати саноатикунониро тезонд”, – таъкид доштааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки Тоҷикистон дар оянда низ бо Русия, аз ҷумла бо Тотористон ҳамкориро дар соҳаҳои мошинсозӣ, нафту кимиё ва рақамикунонӣ тақвият медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.