Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Эрон дар чаҳорчӯбаи консорсиюм ният дорад дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад. Ба гуфтаи сафир, оид ба ин масъала дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири бозаргонии Эрон Сайидмасъуди Миркозимӣ тавофуқ ҳосил шудааст.
Ба қавли А.Шеърдӯст, «иштироки Эрон дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ дар чаҳорчӯбаи консорсиюм бебаҳс аст, вале дар масъалаи намояндагии Эрон дар консорсиюм ҳанӯз қарори мушаххасе қабул нагардидааст». «Барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ масъалаи ҷалби сармоягузории бахши хусусии Эрон мавриди баррасӣ қарор дорад», – афзуд сафир.



