Чин ба Тоҷикистон бо маблағи 72 млн сомонӣ чанд таҷҳизоти иктишофӣ “туҳфа” мекунад

Он ба гузаргоҳи Қарасу расонида мешавад.

asia+

Чин бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии кишвар як миқдор таҷҳизоти зиддитеррористӣ медиҳад. Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ёддошти табодулӣ рӯзи 8-уми майи имсол имзо шудааст. 

Дар санад омадааст, ки ҳукумати Чин ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ризоият додааст ва дар асоси ёддошти табодулии расонидани кӯмаки бебозгашт байни ду кишвар, ин кишвар ба Тоҷикистон 34 таҷҳизоти иктишофӣ ва дигар маводу лавозимоти пулис пешниҳод мекунад.

Дар ёддошт гуфта шудааст, ки ин таҷҳизот ба нуқтаи гузаргоҳи Қарасу дар сарҳади давлатии Тоҷикистон расонида мешавад.

Ҳамчунин, ҷониби Чин дар асоси ёддошт, 8 мутахассисро барои насб ва танзими таҷҳизот ва омӯзиши мутахассисони тоҷикистонӣ ба муддати 45 рӯз ба Тоҷикистон мефиристад. 

Дар санад гуфта шудааст, ки арзиши таҷҳизот ва дигар корҳое, ки аз ҷониби Чин анҷомашон пешбинӣ шудааст, 52 миллион юани чинӣ (беш аз 72 миллион сомонӣ)-ро ташкил дода, он ройгон аз ҷониби Чин пардохт хоҳад шуд.

Тоҷикистон бошад барои барасмиятдарории гумрукӣ, қабул, интиқол дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҷойгир кардани таҷҳизот пас аз интиқол ба нуқтаи гузаргоҳи Қарасу ӯҳдадор шудааст.

Ҳамчунин, дар асоси санад, Тоҷикистон аз ин таҷҳизот боҷи гумрукӣ, молиёт намеситонад ва ба мутахассисони чинӣ барои гирифтани раводид, ворид шудан ба кишвар, шароити корӣ, зиндагӣ ва амнияти онҳо шароит фароҳам меорад.

Инчунин, Тоҷикистон барои кумак ба мутахассисони чинӣ дар насбу танзими таҷҳизот ва омӯзиши он гурӯҳи махсуси корӣ ташкил мекунад.

“Ҳангоми таҳвили молҳои дар боло зикршуда, ҷониби Тоҷикистон якҷо бо ҷониби Чин сифат, миқдор ва хусусиятҳои молро тафтиш карда, санади қабулу супоришро имзо мекунад”, – омадааст дар санад.

Масъулияти истифода ва хароҷоти минбаъдаи ин таҷҳизотро Тоҷикистон ба уҳда мегирад.

Зимнан, ахиран вакилони парлумони Тоҷикистон лоиҳаи созишномаеро қабул карданд, ки дар асоси он бунёди 9 иншооти марзӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Дар гузашта низ хабари сохтмони пойгоҳи нав барои нерӯҳои тоҷик бо пули Чин дар Бадахшон баҳсҳоеро дар бораи ҳузури низомии он кишвар дар Осиёи Марказӣ барангехта буд.

Аз ҷумла, ин нукта моҳи октябри соли 2021 дар парлумони Тоҷикистон садо дода, гуфта мешуд, ки бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Чин дар вилояти Бадахшон иншооти нав бунёд мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дертар ин иттилоъро рад карда гуфт, “маълумот дар бораи он ки гуё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест. Масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст”.

Ин масъала соли 2024 баъди навиштаи нашрияи бритониёии “Телеграф” дар бораи он ки “Чин бо назардошти хатари афзоянда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон дар хоки Тоҷикистон пинҳонӣ як пойгоҳи низомӣ месозад”, дубора баҳснок шуд. Ин маротиб низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вуҷуди пойгоҳи Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро рад карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.