Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом мерасад. Маросими ҷамъбастӣ имрӯз соати 18:00 дар маркази фарҳангии “Рӯҳ-Ордо” дар шаҳри Чолпон-Ата баргузор мешавад. Он рӯзи 18-уми май оғоз шуда буд.

– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 80-солагии Толибхон Шаҳидӣ, оҳзангсози маъруфи тоҷик консерт баргузор мешавад. Арзиши чипта аз 88 то 110 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.

Толибхон Шаҳидӣ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда, дар он моддаи махсуси “Қочоқи одамон”-ро ҷой дод.

Соли 2008 – Баъди танаффуси тӯлонӣ корхонаи муштараки “Тоҷиказот” фаъолиятро аз сар гирифт.

Соли 2012 – Консепсияи сиёсати демографии давлатии Тоҷикистон дар мавриди банақшагирии оилавӣ тасдиқ гардид.

Соли 2014 – Ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи нав илова шуд, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар ҷангҳо ва низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷ пешбинӣ мекунад.

Соли 2020 – Ҳавопаймои украинӣ 30 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бинобар пандемия дар Украина дармонда буданд, ба Душанбе овард. Бо ҳамин парвоз беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон низ таҳвил шуданд.

Соли 2021 – Бонки миллии Тоҷикистон бо сабаби мушкилоти молиявӣ иҷозатномаҳои фаъолияти ду бонки асосии кишвар – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро бозхонд кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1945 – Мавлуди Нигина Рауфова, ҳунарманди маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Нигина Рауфова Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон буда, бо иҷрои сурудҳои дилангез дар дили мардум ҷо гирифтааст.  Ӯ бо иҷрои сурудҳои халқии “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ” маъруф аст.

Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз ёфта, баъдан дар Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамблҳои “Гулшан”, “Шашмақом” ва “Дарё” ҳунарнамоӣ кардааст. Нигина Раупова овози дилнишину ҷолиб дошта, дар таронасароӣ услуби вижа дошт.

Ҳунарпеша 22-юми декабри соли 2010 дар синни 65-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 1957 – Зодрӯзи Маҳмадбек Ғаниев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1972 – Мавлуди Рухшона Восиева, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.

Соли 2011 – Талъат Нуруллохоҷаев, пизишки шикастабанд, раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон дар синни 71 даргузашт.

Талъат Нуруллохоҷаев яке аз пизишкони маъруфи ортопедии Тоҷикистон буд. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намуда, тӯли фаъолиятш аз ординаторӣ то мудирии кафедраи осебшиносии ортопедӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ кор карда, дар тарбияи даҳҳо мутахассис саҳм гузоштааст. Солҳои 1977–1979 ҳамчун ходими илмӣ дар Маскав фаъолият намуда, аз соли 1990 раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон буд.

Ӯ дар мавзӯи табобати ортопедии оқибатҳои сӯхтагии кафи по рисолаи номзадӣ дифоъ карда, муаллифи тақрибан 100 асари илмӣ мебошад. Солҳои 1992–2002 дар муассисаҳои тиббии кишварҳои араб низ хизмат кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ ба хотири гуфтугӯ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушд таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳамияти гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои фарҳангӣ, инчунин барои таҳкими ҳамкориҳо байни мардумони гуногун ва ташвиқи сулҳ ва таҳаммулпазирӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.

 

Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ аз соли 2003 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шинохта шудааст. Ин иқдом ба хотири таъкид кардани нақши фарҳанг дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳандозӣ гардида, ҳамзамон ба ҳифзи мероси фарҳангии башар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯзи соли 1904 дар шаҳри Париж Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) таъсис ёфт. Ҳадафи асосии ФИФА муттаҳид сохтани федератсияҳои миллии футбол ва ташкил намудани мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ буд. Президенти аввали ФИФА Робер Герен буд. Ҳоло ФИФА ҳамчун ҷомеаи ҷаҳонии футболбозон бо 211 ассотсиатсияи миллии футбол муттаҳид шудааст.

 

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар моҳи декабри соли 2019 бо қарори худ 21 майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии чой эълон намуд.

Чой яке аз нӯшокиҳои маъруфи ҷаҳон буда, пас аз об бештар истеъмол мешавад. Вале фарқ аз об, чой на танҳо барои таскин додани ташнагӣ, балки ҳамчун нӯшокии нерӯбахш ва гармкунанда истифода мегардад. Гуногунии навъҳои чой имкон медиҳад, ки дӯстдорони он мувофиқи завқи худ интихоб кунанд.

 

Маълум аст, ки ватани чой шимолу шарқ ва ҷанубу ғарби Чин ва манотиқи шимолии Мянмар мебошад ва таърихи истифодаи он ба беш аз 5000 сол пеш бармегардад. Барои бисёр кишварҳо саноати чой бахши муҳими иқтисод маҳсуб ёфта, шумораи зиёди шаҳрвандонро бо кор таъмин мекунад. Барои мардум ҷамъоварии чой манбаи асосии даромад ва барои давлатҳо манбаи муҳими содирот мебошад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 22+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 17+19º гарм

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмудат меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 30+32º гарм, шабона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимолаи раъду барқ дар назар аст.  Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 11+13º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 21 ба 22-юми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.