Дирӯз, 1-уми июн, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, дар Тоҷикистон сомонаи наве ба фаъолият оғоз кард, ки дар он филмҳои тасвирии истеҳсоли Тоҷикистон ва бо забони тоҷикӣ барои кӯдакон пешниҳод мешаванд.
Дар ин бора Абдураҳмон Раҳмонов, сухангӯи “Тоҷикфилм” хабар дода, гуфт, ки ин сомона “Тасвирнигор” ном дошта, бо нишонаи “tasvirnigor.com” дастрас аст ва як силсила филмҳои кӯдакона дар он гирд оварда шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин филмҳо аз ҷониби эҷодкорони корхонаи “Тасвирнигор”, ки дар сохтори “Тоҷикфилм” фаъолият мекунанд, таҳия ва истеҳсол шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, гурӯҳи эҷодии “Тасвирнигор” ҳамзамон корҳоро дар самти истеҳсоли филмҳои тасвирии таърихӣ, саргузаштӣ ва афсонавӣ барои кӯдакон идома медиҳад.
Дар Тоҷикистон асосан “Тоҷикфилм”, телевизионҳои “Баҳористон” ва “Синамо” ба истеҳсоли филми тасвирӣ машғуланд. “Тоҷикфилм” даҳ сол инҷониб, аз соли 2014 филми тасвирӣ таҳия мекунад. Аммо таҳиягарони дигар ҳам ҳастанд, ки филми тасвирӣ месозанд. “Алло, алло”, “Сандуқчаи зулбиё”, “Аспаки ман”, “Зани порсо”, “Қиссаҳои Нозанин” ва даҳҳо филмҳои тасвирии дигар аз зумраи филмҳои тасвирии тоҷикӣ буда, аз ҷониби муассисаҳои мухталифи давлативу мустақил таҳия ва пешкаши мардум гардидаанд.
Вале ҳанӯз филми тасвирие офарида нашудааст, ки таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи кишварро ҷалб кунад ва коршиносон мегӯянд, соҳа рушднакарда боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилоте, ки соҳа дорад, коргардонҳои филми тасвирӣ ба беҳтар шудани вазъ чашмдоранд.
Бахши филмҳои тасвирӣ дар кишвар дар кадом ҳолат қарор дорад, дар ин маводи мо хонед: Аз “Зани порсо” то “Сандуқчаи зулбиё” ва фоҷеаи “Ҳувайдо”. Дар Тоҷикистон кадом филмҳои тасвирӣ офарида шудаанд?








