Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Консулгарии генералии Швейтсария дар Алмаато дархости шаҳрвандони Тоҷикистонро барои гирифтани раводид танҳо то 25-уми феврали соли ҷорӣ қабул хоҳад кард.
Тавре аз дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз 26-уми феврал то 6-уми март ба масъалаи додани раводид ба Швейтсария сафорати Олмон дар шаҳри Остона машғул хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, сафорати нави Швейтсария дар Остона, ки ба муносиботи дипломатӣ бо Қирғизистону Тоҷикистон масъул хоҳад буд, аз 10-уми март ба кор шурӯъ намуда, минбаъд масоили додани раводид ба дӯши он вогузор хоҳад гашт. «Агентии консулгарии Швейтсария дар шаҳри Душанбе бинобар ба минтақаи Шенген ворид гаштани Швейтсария аз 15-уми декабри соли 2008 додани раводидро қатъ сохта буд», – афзуд сарчашма.



