Раиси шаҳри Душанбе раисони солхӯрдаи шаҳраку маҳаллаҳоро ба истироҳат гусел мекунад

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 2 феврали соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдории Душанбе бо иштироки раисони шаҳраку маҳаллаҳо, кооперативҳои соҳибмулкони манзил ва дигар масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияву муовинони Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид […]

root


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 2 феврали соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдории Душанбе бо иштироки раисони шаҳраку маҳаллаҳо, кооперативҳои соҳибмулкони манзил ва дигар масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияву муовинони Раиси шаҳр баргузор гардид.




Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба вазъи ҷории системаи энергетикии кишвар ва ҳамчун чораи иҷборӣ дар пойтахт то ба эътидол омадани вазъ роҳандозӣ гардидани интиқоли реҷавии барқ нигаронида, даъват ба миён овард, ки нисбати ин тадбир бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда,

 

бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро ба роҳ монанд.



Зимнан, таъкид сохт, ки нақши институти шаҳрвандӣ дар ҳайси раисони шаҳраку маҳаллаҳо барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва вусъати корҳои ободонию риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ тавассути ҷалби кадрҳои ҷавони ташкилотчиву соҳибқобилият тариқи интихоби шаффофи раисон муассир карда шавад. Иҷроиши муқаррароти мавҷуда оид ба то 1 марти соли 2009 баргузории интихоби раисони шаҳраку маҳаллаҳо аз ҷониби раисони ноҳияҳо таъмин ва дар ин зимн афзуд, ки ба собиқадорони ин институти шаҳрвандӣ, ки бинобар солхӯрдагӣ метавонанд берун аз интихоб монанд ба ҳар кадоме аз фонди захиравии Раиси шаҳр барои хизматҳои арзандаашон 500 сомонӣ маблағ ҷудо ва бо ташкили тӯҳфаҳо аз тарафи раисони ноҳияҳо тариқи тантанавӣ

 

гуселонида мешаванд.



Дар ҷаласа ҳамзамон, масоили марбут ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти хоҷагидории шаҳр, пеш аз ҳама ҳолати ғановати бозори истеъмолии пойтахт, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз дар моҳи январ, вусъати корҳои омодагӣ дар татбиқи нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолият, ки дар доираи 900-рӯзи ободонӣ амалӣ мегарданд ва нигаҳдории фонди манзил дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳр мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.