Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазир рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ният дорад, то соли 2015 аз содироти ашёи хоми нахи пахта комилан даст кашида, ҳаҷми содироти ашёхи хоми аввалияи алюминийро низ коҳиш диҳад.
Вазир мегӯяд, ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои коркарди нахи пахта ва алюминийро қабул карда, дар кишвар 7 корхонаи коркарди нахи пахта ва як корхонаи истеҳсоли кабели алюминӣ сохта мешавад, ки минбаъд метавонад тамоми минтақаи Осиёи Марказиро бо ин маҳсулоти тайёри алюминий таъмин созад.


