Вазири мелиоратсияи ҷумҳурӣ аз кишварҳои минтақа даъват ба амал овард, ки лоиҳаи минтақавии тозакунии обанборҳои Нораку Қайроққумро таҳи

Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ аз кишварҳои минтақа, ки дар поёноби дарёҳои Амӯ ва Сир ҷойгиранд, даъват ба амал овард, дар истифодаи самараноки захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ саҳм бигиранд. Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, аз захираҳои обии минтақа ҳама кишварҳо истифода […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ аз кишварҳои минтақа, ки дар поёноби дарёҳои Амӯ ва Сир ҷойгиранд, даъват ба амал овард, дар истифодаи самараноки захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ саҳм бигиранд.




Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, аз захираҳои обии минтақа ҳама кишварҳо истифода мекунанд, вале хисорот танҳо ба дӯши Тоҷикистон аст. «Соли гузашта танҳо Қазоқистон бо ин мақсад 300 ҳазор $ маблағ ҷудо кард», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи С.Ёқубзод, аз ҳисоби нигаҳдории об дар ҳаҷми 3,4 млрд метри мукааб саддҳо дар атрофи обанбори Қайроққум аз шамоли сахт шуста мешаванд, ки ин ба бадшавии ҳолати мелиоративии заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Гафуров ва Конибодом мусоидат намуда, сатҳи обҳои зеризаминӣ зиёд мешавад. «Ғайр аз ин, лойқанокшавии оюанборҳо низ афзудааст ва тибқи маълумоти коршиносон, ҳаҷми он дар обанбори Қайроққум 1 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки барои тоза кардани 1 метри мукааби он 1 $ зарур аст», – изҳор дошт вазир.



Вазири мелиоратсияи ҷумҳурӣ аз кишварҳои минтақа даъват ба амал овард, ки лоиҳаи минтақавии тозакунии обанборҳои Нораку Қайроққум аз лойқанокшавиро таҳия созанд. «Тайи 2-3 соли ахир ҳукумати Тоҷикистон баҳри корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 10 млн $ маблағ масраф карда, ҳамин миқдор маблағ барои корҳои барқароркунии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби Бонки қарзӣ ихтисос дода шуд», – афзуд С.Ёқубзод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.