Хуҷанд. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Суғд ба иллати камбуди барқ шумораи навбатии ҳафтаномаи «Вароруд» ба чоп нарасид.
Ба гуфтаи муовини сардабири ҳафтанома Ҷӯра Юсуфӣ, ҳафтаи равон ба идораи рӯзнома танҳо дар муддати ду рӯз ва он ҳам ба муддати 2 соатӣ барқ интиқол дода шудааст. «Табиист, ки дар ин муддат мо имкон надоштем, шумораро омодаи чоп созем ва аз хонандагону ҳаводорони рӯзнома маъзарат мехоҳем», – гуфт ӯ.
Ҳафтаномаи «Вароруд» яке аз се рӯзномаҳои мустақили вилояти Суғд мебошад, ки ба миқдори 2,5 ҳазор нусха нашр мегардад.


