Хоҷагиҳои деҳқонии кишвар барои истифодаи об аз давлат ба маблағи 41 млн. $ қарздоранд

            Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки вазорат аз миқдори қарзи зиёди ҷамъшудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори нигаронӣ дорад, зеро имрӯз маблағи ин қарз ба 148 млн. сомонӣ расидааст. «Соли сипаригашта хоҷагиҳо қарзашонро ҳамагӣ ба андозаи 27 дарсад пардохт намуданд, вале мо […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Саиди Ёқубзод дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки вазорат аз миқдори қарзи зиёди ҷамъшудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори нигаронӣ дорад, зеро имрӯз маблағи ин қарз ба 148 млн. сомонӣ расидааст. «Соли сипаригашта хоҷагиҳо қарзашонро ҳамагӣ ба андозаи 27 дарсад пардохт намуданд, вале мо то ҳанӯз 80-90 дарсади хоҷагиҳоро бо об таъмин месозем», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, камбуди маблағ имкон намедиҳад, ки саривақт корҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукор анҷом дода шаванд ва ҳамчунин вазорат дар назди ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқ ба маблағи 92 млн. сомонӣ қарздор аст. «Эҳтиёҷи солонаи истифодаи барқ дар бахши мелиоратсия ҳамагӣ 52 млн. сомониро ташкил медиҳад, маблағи боқимонда қарзи солҳои пешин аст», – афзуд С.Ёқубзод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.