Дар ҷумҳурӣ ҳосили гандум аз 75 дарсади майдони кишт ҷамъоварӣ карда шуд

            Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-плюс» – То имрӯз қариб дар майдони 200 ҳазор гектар замин кишти ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили гандум ба анҷом расид, ки ба 75 дарсад аз ҳаҷми умумии заминҳои кишти гандум баробар аст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов иттилоъ дод, соли равон […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-плюс» – То имрӯз қариб дар майдони 200 ҳазор гектар замин кишти ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили гандум ба анҷом расид, ки ба 75 дарсад аз ҳаҷми умумии заминҳои кишти гандум баробар аст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов иттилоъ дод, соли равон ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 27 сентнер аз як гектарро (соли гузашта – 18,7 сентнер) ташкил дода, он дар баъзе хоҷагиҳо ба 50-60 сентнер мерасад ва то имрӯз зиёда аз 455 ҳазор тонна гандум захира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 220 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.




           

Ба гуфтаи номбурда, ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии оммавии ҳосили гандум шурӯъ шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.