Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов ва намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (
JICA
) Хитиоси Ара дар бораи таъмини муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо 5 батареяи офтобӣ созишнома ба имзо расониданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, ин созишнома дар чаҳорҷӯбаи барномаи
JICA
аз рӯи татбиқи лоиҳаи таъмини беморхонаҳои пойтахт ва ноҳияҳои Тоҷикистон бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза амалӣ мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, гурӯҳи коршиносони агентии Ҷопон ба Тоҷикистон омада, вазъи беморхонаҳоро мавриди санҷишу омӯзиш қарор додаанд. «Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқу сӯҳбатҳо муассисаҳои тиббии бештар ниёзманд ба батареяҳои офтобӣ муайян карда шуданд», – афзуд сарчашма.


