Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 5-7-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи ширкатҳои Туркия таҳти унвони «Тӯҳфаҳо ва косметика» доир мегардад.
Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо котиби генералии Иттиҳодияи соҳибкорон ва сармоягузорони «ТАТСАИД»-и Туркия масоили тадорукот ва баргузории ин намоишгоҳ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир гашта, дар он иштироки 25 ширкати туркӣ пешбинӣ шудааст.
Ш.Саид пешниҳод сохт, ки дар намоишгоҳ соҳибкорони тоҷик низ ширкат варзанд.


