Дар ҷараёни татбиқи Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ аллакай зиёда аз 15 млн. $ азхуд карда шуд

            Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни як нишасти матбуотӣ муовини директори Маркази идораи Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ Маърифат Абдуллоева изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои бузургтарин дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ буда, дар ҷараёни татбиқи он аллакай 2 млн. 250 ҳазор $ маблағ азхуд карда шудааст. «То имрӯз аз 17 млн. […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни як нишасти матбуотӣ муовини директори Маркази идораи Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ Маърифат Абдуллоева изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои бузургтарин дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ буда, дар ҷараёни татбиқи он аллакай 2 млн. 250 ҳазор $ маблағ азхуд карда шудааст. «То имрӯз аз 17 млн. доллари амрикоии аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои амалисозии ин лоиҳа ҷудогардида, беш аз 15 млн. $ азхуд карда шуд», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи М.Абдуллоева, бо назардошти татбиқи пурсамари лоиҳа, Бонки ҷаҳонӣ барои ҷудо кардани боз 5 млн. $ ба ин лоиҳа омодагӣ изҳор кардааст ва маблағи мазкур ба татбиқи он қисматҳои лоиҳа, ки қаблан пешбинӣ шуда буданду бар асари бӯҳрони молӣ иҷрои онҳо мавқуф гузошта шуда буд, равона хоҳад гардид.




           

Намояндаи марказ Назира Фатҳуллоева гуфт, дар доираи амалисозии лоиҳа 19 иншооти бахши тандурустӣ таъмиру ба истифода дода шуда, сохтмони 36 иншооти дигар, аз ҷумла марказҳои солимгардонӣ дар деҳот ва хонаҳои беҳдошт дар арафаи анҷомёбист.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.