Вазири умури дохилии ҶТ: Вазъ дар Тавилдара орому босубот аст

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки вазъ дар ноҳияи Тавилдара ва гирду атрофи он орому босубот буда, сокинони минтақа ба корҳои рӯзмарраи худ машғуланд. «Айни замон дар дараҳои кӯҳии ноҳия корҳои ҷустуҷӯ ва пайдо намудни аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ахиран […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки вазъ дар ноҳияи Тавилдара ва гирду атрофи он орому босубот буда, сокинони минтақа ба корҳои рӯзмарраи худ машғуланд. «Айни замон дар дараҳои кӯҳии ноҳия корҳои ҷустуҷӯ ва пайдо намудни аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ахиран ин мавзеъҳоро макони будубош қарор дода буданд, идома доранд», – гуфт ӯ.





           

А.Қаҳҳоров зикр кард, ки узви гурӯҳи ҷиноятпеша қариб комилан нест карда шуда, танҳо се нафари онҳо то ҳанӯз ҷустуҷӯ карда мешаванд. «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи далелҳои ҳодисаҳои ҳуҷумҳои мусаллаҳона дар ноҳияи Тавилдара аз рӯи якчанд моддаи КҶ ҶТ, аз ҷумла «роҳзанӣ», «убури ғайриқонунии марзи давлатӣ» ва «созмон додани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша» парвандаи ҷиноӣ боз намуданд», – изҳор дошт вазир.




           

Вазири умури дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфт, панҷ нафар шаҳрвандони Русия, ки рӯзи 16-уми июл зимни задухӯрди мусаллаҳона ба ҳалокат расиданд, моҳи апрел тавассути хатсайри ҳавоии «Санкт-Петрбург – Душанбе» ба Тоҷикистон омадаанд. «Дар анҷоми тафтишот узвияти онҳо ба ягон ҳаракате ё ҳизбе муайян карда хоҳад шуд», – афзуд А.Қаҳҳоров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.