Ба Тоҷикистон ба маблағи 1,6 млн. $ таҷҳизоти нави санҷиши сифати нахи пахта ворид гардид



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба Тоҷикистон ба маблағи 1,6 млн. $ чаҳор таҷҳизоти нав барои озмоишгоҳ – мошинҳои дорои технологияи баланди ба навъҳо ҷудо кардани нахи пахта ворид гардид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари кулли корхонаи муштараки ҶСК «Тоҷикистон –


WIS


»-и Бритониёву Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов иттилоъ дод, таҷҳизоти ҷадид ба маблағи 1,6 млн. $ аз ҳисоби воситаҳои Бонки рушди Осиё харидорӣ шудааст. «Қаблан сифати нахи пахта, ҳамагӣ аз рӯи чаҳор нишондиҳанда муайян карда мешуд, акнун имкон дорем, ки онро аз рӯи 12 нишондиҳанда санҷем», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Раҳмонов, ояндаи наздик намояндагони ширкати «


WIS


» ба Тоҷикистон баҳри омӯзиши мутахассиосни тоҷик бо тарзи кор ва истифодаи таҷҳизот ба ҷумҳурӣ ташриф меоранд.


spot_imgspot_img

Популярное