Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ барои духтарон маркази бӯҳронӣ ташкил мекунад

            Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ният дорад, ки «Маркази бӯҳронӣ ва дастгирии ҳуқуқии духтарон»-ро ташкил намояд.             Чанде қабл зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали раиси кумитаи мазкур Қимматгул Аллабердиева гуфт, маркази мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи «Пешгирии харидуфурӯши кӯдакон ва духтарон» бо дастгирии […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ният дорад, ки «Маркази бӯҳронӣ ва дастгирии ҳуқуқии духтарон»-ро ташкил намояд.





           

Чанде қабл зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали раиси кумитаи мазкур Қимматгул Аллабердиева гуфт, маркази мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи «Пешгирии харидуфурӯши кӯдакон ва духтарон» бо дастгирии Комиссияи Аврупо, ЮНИФЕМ, Маркази ҳуқуқӣ барои кӯдакони Бритониёи Кабир ва бевосита ҳукумати ҷумҳурӣ ифтитоҳ мегардад. «Дар марказ муддати 6 моҳ духтарони ҷабрдида аз зӯроварӣ ё харидуфурӯш бо омӯзишу таълим ва дастгирии равониву ҳуқуқӣ фаро гирифта мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Қ.Аллабердиева, пас аз анҷом давраи барқароршавӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи барнома духтарон бо кору манзили зист таъмин гардида, чунин марказҳо боз дар 10 шаҳру ноҳия ифтитоҳ мегарданд. «Маблағи амалисозии барнома 500 ҳазор Евроро ташкил дода, барои 3,5 сол пешбинӣ шудааст ва масоили татбиқу ҳамоҳангсозии он ба дӯши Кумитаи кор бо занон ва оила вогузор шуд», – афзуд муовини раиси кумита.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.