Ш.Шабдолов: Дар лоиҳаи нави қонун дар бораи забони давлатӣ мақоми забони русӣ ба таври бояду шояд ба эътибор гирифта нашудааст

Date:



           

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки бекор кардани мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ дар лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» иштибоҳи ҷиддӣ аст. «Дар лоиҳаи нави қонун мақоми забони русӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, маърифати ва илмӣ ба таври бояду шояд ба эътибор гирифта нашудааст», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи Шабдолов, дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ забони русӣ чун забони муоширати байнулмилалӣ эътироф шудааст ва дар қонунгузории кишвар мо наметавонем онро нодида гирем. «Гузашта аз ин, мебояд онро ҳам ба назар гирфт, ки забони русӣ яке аз забонҳои расмии СММ маҳсуб мегардад», – иброз медорад ӯ.




           

Мавсуф зикр кард, ки «ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон бояд забони давлатиро донанд ва ин амри табииву қонунӣ аст, вале маънои онро надорад, ки забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ дар ҶТ бекор карда шавад. «Албатта, мо бояд ба забони модарии хеш эҳтиром гузорем, вале бо як забони тоҷикӣ мо ҷое рафта наметавонем», – афзуд Шабдолов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...