Хуҷанд. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои сокинони аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон 12 манзили зист бунёд карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази таҳлиливу иттилоотии дастгоҳи раиси видлоят иттилоъ доданд, сокинони вилоят ҳамчунин ба оилаҳои осебдида бо асбобу анҷоми зарурии рӯзгор низ кӯмак расониданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ахири моҳи апрел бо спориши раиси вилоят аз номи сокинони вилояти Суғд ба осебдидагон масолеҳи сохтмон низ фиристода шуд.


