Эмомалӣ Раҳмон ба зоирини тоҷик пешниҳод кард, ки маблағи сафари ҳаҷро ба оилаҳои камбизоат хайр кунанд

Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мақомоти дахлдори вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зоирине, ки имсол нияти сафари ҳаҷ доранд, муроҷиат намуда, пешниҳод кард, ки маблағҳои сафари ҳаҷро дар давраи бӯҳрон ба оилаҳои камбизоати осебдида аз офатҳои табиӣ дар соли равон хайр кунанд. […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мақомоти дахлдори вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зоирине, ки имсол нияти сафари ҳаҷ доранд, муроҷиат намуда, пешниҳод кард, ки маблағҳои сафари ҳаҷро дар давраи бӯҳрон ба оилаҳои камбизоати осебдида аз офатҳои табиӣ дар соли равон хайр кунанд.




«Ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, хулоса ба ҳамаи онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, муроҷиат карда, онҳоро даъват намоям, ки маблағҳои барои ҳаҷҷи имсола нияткардаи худро бо дарназардошти шароити бӯҳронии замона сарф кунанд ва албатта беҳтар аст, ки маблағи барои ҳаҷ, хусусан ҳаҷҷи дуюмбора ва сеюмбора, сарфшавандаро барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимону маъюбон, шахсони мӯҳтоҷу бесаробон, оилаҳои камбизоат, ё барои обод кардани ягон гӯшаи ватан харҷ кунанд», – гуфт сарвари давлат.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.