Тоҷикистону Чин шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

       Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии Узви Бюрои сиёсии он Ван Летсюан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.         Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. «Муносибатҳо бо Чин аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон […]

«Азия-Плюс»


       Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии Узви Бюрои сиёсии он Ван Летсюан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.


        Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.


«Муносибатҳо бо Чин аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва мо ба таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳо бо он манфиатдорем», – изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.


         Аз сатҳи баланд ва пайвастагии робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд, хусусан аз афзоиши босуръати ҳаҷми тиҷорати дуҷониба. Таъкид гардид, ки соли гузашта ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин ба 1 миллиарду 250 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд ва дар семоҳаи якуми соли равон, сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008  84% афзоиш ёфт.


       Барои таъмини афзоиши бештари робитаҳои тиҷоратӣ сохтмони як минтақаи нақлиётию савдоӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва азнавсозии роҳи мошингарди он то шаҳри Хорӯғ зарур шумурда шуд.


        Ван Летсюан изҳор дошт, ки роҳи мошингарди Қошғар-Қулма-Хорӯғ-Кӯлоб-Душанбе барои Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бисёр муҳим аст ва мо дар сохтмону азнавсозии он саҳми худро мегузорем.


          Мубодилаи судманди афкор оид ба дурнамои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди мустақими миёни Тоҷикистону Қирғизистону Қазоқистон ва пайвастани онҳо ба шабакаҳои нақлиётии Чин аз як ҷониб ва бо Афғонистону Эрон аз сӯйи дигар сурат гирифт.


       Аз омодагии ҷониби Чин ба оғози сохтмони як нерӯгоҳи обӣ дар болои дарёи Хингоб ва маркази нави барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда шуд.


      Роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла уран ва дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.


        Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои Тоҷикистону Чин  дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ гуфтугӯ намуданд.


Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни Тоҷикистону Чин 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:


        Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод – 1 дар дарёи Хингоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;


     Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе;


        Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати илм ва техникаи ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин;


      Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои «Байналхалқии Тачин оид ба захираҳои моддии СУАР»  ва «Сан Бао»- Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1млн. тонна;


       Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Зеркомиссия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди Комиссияи муштаракаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ;


Қарордод миёни ШСХК Барқи Тоҷик ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳаҷми иловагии корҳо доир ба сохтмони хаттҳои барқии 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон ва 500 киловолтаи Ҷануб – Шимол.


Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имрӯз аз ҷониби ин ҳайат ба Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 580 ҳазор юани чинӣ таҷҳизоти барқии офтобӣ ва лампаҳои каммасрафи барқӣ тӯҳфа гардид.


Аҳамияти санадҳои баимзорасида ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин басо пурсамару умедбахш маънидод гардид.


Иттилоъ дода шуд, ки асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи нерӯгоҳи обии Нуробод – 1, ки иқтидори лоиҳавиаш 350 мегават мебошад, омода аст ва сохтмонаш низ соли оянда бояд оғоз ёбад. Барои сохтмони он ҷудо гаштани 560 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст.


Сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, ки иқтидораш 200 мегават хоҳад буд, бояд аз он ҳам пештар оғоз ёбад.


Барои корҳои иловагии сохтмони хаттҳои барқии 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон ва 500 киловолтаи Ҷануб – Шимол боз 61 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад. 51 миллион доллари амрикоии дигар барои азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Данғара ҷудо мегардад, ки он марҳилаи якуми сохтмон ва азнавсозии роҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хорӯғ-Кулма-Қошғар мебошад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.