Ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон якчанд нерӯгоҳи хурди барқии бодӣ бунёд месозад

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва ширкати « ANNA Energy Corporation limited » оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии бодӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти вазорат Тоҷинисо Азизова иттилоъ дод, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва ширкати «


ANNA




Energy




Corporation




limited


» оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии бодӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти вазорат Тоҷинисо Азизова иттилоъ дод, моҳи июли соли ҷорӣ мутахассисони кореягӣ ба корҳои таҳқиқотӣ шурӯъ хоҳанд кард. «Бунёди чунин нерӯгоҳҳо дар маҳалҳои дорои иқлими мусоид барои сохтмон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоби ВМКБ, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирфта шудааст», – гуфт ӯ.




           

Т.Азизова афзуд, дар ноҳияи Мурғоб бунёди чаҳор нерӯгоҳи хурди барқии бодӣ бо иқтидори умумии 1 ҳазор кВт/соат ва дар ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Файзобод ва Рашт яктогӣ бо иқтидори 250 кВт пешбинӣ мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.