Афсарони Ситоди кулли Вазорати мудофиа воситаҳои ҳамгиройии ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ ба доктринаҳои ҳарбиро омӯхтанд

Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Бо дастгирии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) 13 нафар афсарони Ситоди кулли Вазорати мудофиа воситаҳои ҳамгиройии ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ ба доктринаҳои ҳарбиро омӯхтанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КБСС бо такя ба гуфтаҳои вакили КБСС оид ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои мусаллаҳ ва амнияти кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Бо дастгирии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) 13 нафар афсарони Ситоди кулли Вазорати мудофиа воситаҳои ҳамгиройии ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ ба доктринаҳои ҳарбиро омӯхтанд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КБСС бо такя ба гуфтаҳои вакили КБСС оид ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои мусаллаҳ ва амнияти кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ Жорж Без иттилоъ доданд, семинар рӯзҳои 19-21-уми май доир гардида, аз нигоҳи омӯзиши раванди ҷорисозии ҷанбаҳои ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ зимни қабули қарор барои афсарон хеле муфиду муҳим буд.



Ба иттилои манбаъ, дар зарфи се рӯз ба афсарон роҷеъ ба масоили ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ маърӯзаҳо пешкаш гардида, ба онҳо оид ба усулҳои байнулмилалӣ, истифодаи нишонаву тамғаҳо, ҳисси масъулият доштани фармондеҳон зимни қабули қарор, ҳифзи аҳолӣ ва дигар масоили марбут ба ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.