Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ: Тоҷикистон баҳри таъмини ҷараёни ислоҳот ба кӯмаки созмонҳои мададрасон ниёз дорад

Date:



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ бо намояндагони созмонҳои мададрасон вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки бинобар рӯз то рӯз тақвият ёфтани таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, аз ҷумла, Тоҷикистон низ, ин кишварҳо баҳри таъмини ҷараёни ислоҳот ба кӯмаки созмонҳои мададрасон ниёз доранд.





           

Ғ.Бобозода барномаи чорабиниҳои иловагии зиддибӯҳронии ҳукуматро шарҳ дода зикр кард, ки он аз шаш банд – таъмини устувории макроииқтисодӣ, таъмини уствории бахши воқеии иқтисод ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии бозори меҳнат, таъмини дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити муосид барои ҷалбти сармоягузорӣ ва таъмини иҷрои саривақтии тадбирҳои зиддибӯҳронӣ дар давраи кӯтоҳмуддат иборат аст.




           

Вазир афзуд, барномаи қабулшуда чизи шахшуда нест ва агар аз ҷониби созмонҳои мададрасон тағйироту илова ё тавсияе пешниҳод гардад, пас аз баррасӣ онҳо метавонанд қабул карда шаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...